13.9 C
Dushanbe

Заҳрханди Саймумин Ятимов ва қаҳри Эмомалӣ Раҳмон

Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон пас ҳодисаҳои хунини Рӯшон ва Хоруғ ва муноқишаҳои мусаллоҳонаи ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон нисбат ба Саймумин Ятимов хеле зиёд шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҳодисаҳои хунини моҳи ноябри соли 2021 дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ, ки он ҷо нақшаи қатли оми мардум ба хок хӯрда, танавониста буд бо раҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон бо оғози як маърака ҳама афроди норозӣ аз худашро аз байн бибарад, муддате ба Саймумин Ятимов “пушт” карда буд.

Он замон дар баробари қатли Гулбидин Зиёбеков, ки аз сабабҳои асосии шуълавар кардани фитнаи навбатӣ дар ин вилоят дониста мешуд, қатли марҳум Мамадбоқир Мамадбоқиров ва ёрони бовафояш низ дар сархати ҳадафҳои шуму нопок қарор дошатанд, локин бо вуҷуд кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар аз эътирозгарону сокинони осоишта, он замон талошҳои мақомот бо раҳбарии Саймумин Ятимов дар ин масъала ноком монда буданд.

Ин амр боис шуд, ки мардум дар дохили Тоҷикистон ва хориҷ аз он аз ин рафторҳои ноҷавонмардона ва ғайриқонунии мақомоти қудратӣ дар қиболи мардуми бесилоҳ ба дод омаданд ва фарёди онҳо аз Душанбе то Маскав, аз Лаҳистон то Олмону Фаронса ва аз Ландан то Вашингтон ҳам ба гӯши ҷаҳониён расонида шуд ва ҳама бо як овоз омилони ин фитна ва қотилони мардум ва дар раъси онҳо раҳбарони мақомоти қудратиро маҳкум мекарданд.

Аз сӯи дигар, вақте раҳбарони мақомоти қудратии Тоҷикистон ва дар раъси онҳо Саймумин Ятимов ва Рамазон Раҳимзода, ки ҳар ду аз саркардаҳои асосии ин ҷараёни фитна дар Тоҷикистон дониста мешуданд, хашму ғазаби мардумро дида, муддате хомӯш, вале барои фитнаҳои навбатӣ дар моҳи январу феврали соли ҷорӣ нақшаҳои дигареро тарҳрезӣ мекарданд, ин дафъа ҳам мардум огоҳ шуда, дубора аз ҷояшон хестанд ва садо баланд карданд.

Дар найрангу фитнаҳои замистонаи оғози соли 2022 низ тири онҳо пурра ба ҳадаф нарасид. Ба ин хотир дар назди сарфармондеҳи худ Эмомалӣ Раҳмон ба навъе сархам ва ва чун синнашон ҳам ба ҷое расидаву расман ду давра муҳлати раҳбариашон низ ба поён расида аст, барои ҷойгузин кардани онҳо бо афроде дигар хеле аз атрофиён раиси ҷумҳур бо як садо ба онҳо баҳои “ноуҳдабароӣ” доданд. Эмомалӣ Раҳмон низ то ҷое бовар карда буд.

Аммо ахири баҳор ва аввали тобистони имсол вазъият фарқ кард ва шамол ҳам ба самти онҳо вазид, биноан, ҳам раиси КДАМ ва ҳам вазири корҳои дохилӣ фурсатро ғанимат дониста аз нав дар пайи тарҳрезии нақшаҳои шум ва хунин дар ВМКБ шуданд.

Ин омилони фитна аз як тараф хеле аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахусус бадахшониро саркӯб, боздошт ва равонаи зидон карданд, аз тарафи дигар ба раванди боздоштҳои ғайриқонунӣ ва рабудни фаъолони ҷомеаи маданӣ аз Русия ва Қазоқистон ҳам ҷиддӣ вориди кор шуданд.

Ҳамзамон дар Хоруғ оташи фитнаро аз нав равған рехтанд ва ин дафъа дар зарфи камтар аз ду ҳафта наздик ба 70 нафарро дар Хоруғ ва Рӯшон қатли ом карданд, вале ахиран Прокуратураи генералӣ танҳо қатли 49 нафари онҳоро эътироф карда буд.

Ба иборати дираг, поёни ин ҳодисаҳои хунин дар ВМКБ оғози як “пирӯзӣ” барои Саймумин Ятимов ва Рамазон Раҳимзода дониста мешуд ва онҳо ба қавле собит карданд, ки бо вуҷуди пирӣ ва ба поён расидани муҳлати хидматӣ ҳамоно барои бақои режими Эмомалӣ Раҳмон “одамони даркорӣ” маҳсуб мешаванд.

Дар рафти ҳодисаҳои хунини дигаре дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳайати расмии Тоҷикистонро дар хеле мавридҳо Саймумин Ятимов раҳбарӣ мекард, маълум буд, ки асли моҷаро ҷои дигаре пиҳон аст, вале тарафҳо ба ҳеч навъ розӣ нестанд, ки ҷузъиёти он бармало ва сиррашон фош шавад.

Вале бо ин вуҷуд, дар аксу наворҳо дида мешуд, ки зоҳиран раиси КДАМ-и Тоҷикистон яке аз баҳрабардорони ин низоъҳост. Вай бо хандаву табассумҳои бенамак ва рафторҳои амалан худи ӯ нишон медод, ки муноқишаҳои мусаллаҳона бо супориши касеву аз ҷои дигаре идора мешаванд, сокинони осоишта дар ду сӯи марзҳо ва афсарону сарбозони ҳар ду ҷониб қурбониёни ин ҳодисаҳо мебошанд ва ӯ аз асли ин қазия огоҳ аст ва асрори пушти пардагии ин моҷароҳоро ҳам хуб медонад.

Баъд аз ин ҳодисаҳо дида мешуд, ки тири раиси КДАМ ба ҳадаф расида, ва ба сурати муваққат ҳам, ки бошад, бархе шубаҳу гумонҳои Эмомалӣ Раҳмон ва хеле аз атрофиёни онро бартараф намуда, тарҳҳои баъзеи дигарро, ки барои барканор карданаш чорандешӣ мекарданд, хунсо намудааст ва бори дигар ҷойгоҳашро дар ин мақом мустаҳкам кардааст.

Аммо ин дафъа “нағз” шудани муносибати Эмомалӣ Раҳмон бо Саймумин Ятимов ва наздик шудани раиси КДАМ бо раиси ҷумҳур омили дигаре ҳам дорад. Ин омил ТАРС ном дорад. Тарс аз кудето! Кудето дар дохили оила ва он ҳам ба нафъи Озода Раҳмон, на Рустами Эмомалӣ, ки Президенти Тоҷикистон солҳо интизори ба тахт нишастни писарашро дорад.

Дар дохили оилаи Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаи ҳукумрон ҳам барои ҷойгузин кардани мақоми риёсти ҷумҳурӣ байни фарзандҳо, домодҳо, қудоҳо ва додарарусони Президенти Тоҷикистон ҳамоно пурра тавофуқи назар ҳосил нашудааст. Он ҷо дасти кам мардум ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд, қисме ҷонибдори Рустами Эмомалӣ ва қисми дигар аз тарафдорони ашадии ба қудрат расидани хонум Озода Раҳмон дониста мешаванд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки таъмини амнияти ин хонаводаро аз таъмини амнияти марзҳо ва шаҳрвандони кишварамон авлотар медонад, бо Рустами Эмомалӣ муносибати хубе надорад. Вай низ аз наздикон ва “вафодорон”-и хонум Озода Раҳмон дониста мешавад.

Ҳамзамон, пас аз барканор кардани шавҳари Озода Раҳмон, ҷаноби Ҷамолиддин Нурализода (Нуралиев) аз симати худ дар Бонки миллӣ зоҳиран Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ин фикр фурӯ рафтааст, ки агар ҳар навъ табаддулоти эҳтимолӣ дар дохили оила ва ё ҳукумат сурат бигирад, бо роҳбарӣ ва ё бо машаварати раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сурат мегирад, ба ин хотир ӯро дар сафарҳои ахир бо худ ба ҳар куҷое рафт, мебарад, то аз макру найранҳои ӯ пешгирӣ кунад.

Эҳтимол, ба ҳамин хотир дар хеле аз аксу наворҳо дида мешавад, ки раиси КДАМ ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон дар чанд сафар ҳузур дорад, вале бо дарки ин масъала Саймумин Ятимов аз пушт истода ба баъзе рафторҳои Эмомалӣ Раҳмон заҳрханд мекунад ва гоҳе дигар аслан таваҷҷуҳе ҳам зоҳир намекунад, ки дар куҷо ҳасту дар ҷамъи чӣ касоне вуҷуд дорад.

Ин кор ва рафторҳои Саймумин Ятимов ба суботу оромиши рӯҳии Эмомалӣ Раҳмон низ зарба мезананд ва дар нишасти ахираш бо Владимир Путин ва Содир Ҷабборов ҳам дида мешавад, ки аз доираи пртоколи расмӣ хориҷ шуда, бо симое пур аз қаҳру ғазаболуд бо ҳамтои русиаш салом мекунаду бо ҳамтои қирғизиаш не ва сипас Саймумин Ятимов аз пушт истода ба ҳоли ӯ ором-ором механдад…

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Azda tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.