Заминларзаи шадид дар Туркия садҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт

Бар асари заминларзаи шадид дар ҷанубу шарқи Туркия 912 нафар ҷон бохта 5385 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Дар ин бора раисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон 6-уми феврал ба расонаҳо иттилоъ дод.

Эрдуғон мегӯяд, то кунун наҷотдиҳандагон ҷони 2470 нафарро аз зери биноҳои фурӯрехта наҷот додаанд. Ба гуфтаи ӯ, бештар аз 9 ҳазор тими наҷотдиҳанда дар ҳоли кумаки зарардидагон ҳастанд.

Раисҷумҳури Туркия гуфт, ин заминларза пас аз соли 1939 сахтарин ва пурхасороттарин заминларза дар торихи ин кишвар ба шумор меравад.

Ба иттилои мақомоти Туркия, бар иловаи талафоти ҷонӣ инчунин 2818 бино сарозер шудааст. Дар ҳамин ҳол муовини расиҷумҳур Фуат Октай гуфт, бештар аз 1000 бино ба куллӣ харобу валонгар шудаанд, ки ин чиз эҳтимоли афзоиши ҷонбохтагонро дар зери биноҳо бештар мекунад.

Шиддати заминларзаро ба шаклҳои гуногун кишварҳои ҳамсоя, Лубнон, Сурия, Ироқу Миср ва Қубрус низ эҳсос карданд. Аз ҷумла, мақомоти Сурия аз кушта шудани 380 ва захмӣ шудани беш аз 600 нафар хабар доданд.

Бино ба маълумоти сабту наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, заминларза дар минтақаи Бозорчики вилояти Қаҳрамон Мараш бештар аз 1 дақиқа идома пайдо карда, садҳо биноҳои баландошёра ба хок яксон кард.

Ёдовар мешавем, ки соати 4-и бомдоди рӯзи 6-уми феврали соли ҷорӣ заминларзаи шадиде бо қувваи 7.4 дараҷаи Рихтер чанд шаҳри Туркия ва қисме аз Сурияро ларзонд, ки дар натиҷа садҳо кушта ва захмӣ ба ҷо гузошт. Аммо маркази зилзиласанҷии Амрико шиддатнокии ин заминларзаро 7.8 дараҷа гуфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико ва Эрон дар остонаи имзои созишнома 14-бандӣ

Қарор аст Амриок ва Эрон 19-уми июни соли ҷорӣ дар Швейтсария як ёддошти тафоҳуми 14-бандиро имзо кунанд.

Муҳимтарин рӯйдодҳои рӯзҳои аввали Ҷоми ҷаҳонии 2026

Бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 идома доранд ва аллакай чанд натиҷаи ҷолибу ғайричашмдошт сабт шудааст.

ФАВРӢ! Алишер Мирзонаботов ба дарё сарозер шуду ҷон бохт

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамроҳ бо аъзои хонавода ва ронандааш дар ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шуда, мошин ба дарё сарозер шудааст.

Олмон гурӯҳе аз муҳоҷирони афғонро ба Афғонистон ихроҷ кард

Мақомоти Олмон гурӯҳе аз шаҳрвандони Афғонистонро, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум шуда буданд, ба кишварашон ихроҷ карданд.