27.9 C
Dushanbe

Зане, ки занҳои дигарро бо роҳи фиреб ба Дубай мебурд дастгир шуд

Як зани 45-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як зани 25-солаи ҳамин ноҳияро бо роҳи фиреб ва ғайриқонунӣ ба шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб бурда онро ба танфурӯшӣ маҷбур месохтааст. Айни замон бо ҷурми одамфурӯшӣ гумонбар дониста аз ҷониби Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дастгир шуд. Дар ин бора торнамои ВКД хабар дод.

Ин зан қаблан ҳам бо моддаи 130 қими 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне одамрабоӣ дастгир шуда буд, – омадааст дар хабар.

Шарҳи мақомот:

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 45-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 130 иловаи-1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони хариду фурӯши одамон дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи марти соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, бо маслиҳати пешакӣ бо духтараш зани 27-солаи сокини ноҳияи мазкур, ҷавонзани 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуровро барои ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб сафар намудан ва дар он ҷо ба фоҳишагӣ машғул шудан, ҷалб намудаанд.
Сипас, аз ҳисоби худашон чиптаи ҳавопаймо ба хатсайри «Тошкант-Дубай» омода карда, тавассути фурудгоҳи шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Дубай интиқол дода, дар он ҷо шиносномаи миллӣ ва хориҷии ҷабрдидаро гирифта, ӯро дар асорати қарзии 15 ҳазор доллари амрикоӣ гузоштаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишастҳои матбуотии вазоратхонаҳо шурӯъ мешавад.

Қарор аст, шурӯъ аз 21-уми июли соли ҷорӣ нишастҳои...

Баргузории нишасти навбатии ҲНИТ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти худ...

Норасоии оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳукумати...

Русияву Чин вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин дар рафти мулоқоти...