Рӯзи гузашта дар Кохи Сафед нишасти махсуси Доналд Трамп бо Владимир Зеленский ва сарони кишварҳои аврупоӣ баргузор шуд.
Гуфта мешавад, асосан дар ин нишаст масъалаи музокироти Украина бо Русия дар нишасти ҳузурии раисҷумҳурон, Владимир Путин ва Владимир Зеленский ва расидан ба оташбасу поён додани ҷанге, ки се сол боз идома дорад, баррасӣ шудааст.
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар ин нишаст аз омодагии худ барои мулоқот бо Путин хабар дода, афзудааст, ки мехоҳад баҳси масоили марзиро шахсан бо худи Путин дар миён гузорад.
Трамп дар ин нишаст ба Зеленский ваъдаи кафолати амниятиро додааст, вале гуфта, ки амнияти Украина аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва дар мувофиқа бо Амрико таъмин мешавад.
Қаблан сарони Иттиҳоди Аврупо аз Амрико хоста буданд, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо кафолати ҷиддии амниятӣ барои дигарбора таҳдид накардани Русия ба Украина ва дигар кишварҳои аврупоӣ гирифта шавад.
Аммо Путин ҳам дар мулоқоти Аляска бо Трамп шартҳои худро барои додани кафолати амниятӣ ва дигарбора ҳамла накардан ба Украина додааст. Тасарруф ва ба хоки худ илова кардани минтақаи Донбас ва баъзе аз манотиқи Херсон ва Запароже, инчунин бетараф мондани Украина ва шомил нашуданаш ба НАТО аз пешниҳодоти Путин буд.
Ба назари коршиносон, нишасти дирӯзаи Трамп бо Зеленский ва сарони кишварҳои аврупоӣ дар Кохи Сафед ба ҷуз суханпардозӣ ва таърифҳову ташаккургӯиҳои ҷониби Украина дигар чизе малмус набуд. Шояд гуфтугӯҳои пасипардагие сурат гирифта бошад, вале чеҳраҳо зоҳиран розӣ ва хушнуд менмуданд.
Аммо вобаста ба замони баргузории нишасти ояндаи президентҳои Амрико, Русия ва Украина ва макони он то ҳанӯз ба таври расмӣ чизе гуфта нашудааст.
Қаблан Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса барои макони баргузории ин нишаст пешниҳод дода, ки нишасти сеҷонибаи Трампу Путин ва Зеленский дар шаҳри Женеви Шветсария анҷом шавад.
Аммо “Reuters” бо такя ба як мақоми баландпояи амрикоӣ гузориш дод, ки гарчанде Кремл то ҳанӯз расман розигии худро барои нишасти сеҷониба ва макони он эълон накардааст, вале ба эҳтимоли зиёд макони баргузории ин нишаст Маҷористон (Венгрия) хоҳад буд.