13.9 C
Dushanbe

Зидди “Агроинвестбонк”-и Алимардонов “дело” кушоданд.

Бар зидди шуморе аз масъулони “Агроинвестбонк” аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин масъулон ба он муттаҳам мешаванд, ки дар додани қарзҳо ба “қонуншиканӣ” роҳ додаанд. Ному насаби ин афрод то ба ҳол эълон нашудааст ва маълум нест, ки худи онҳо дар ин робита чӣ назар доранд.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳаҷми ин маблағҳои қарзӣ 391 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Оҷонсӣ, дар баробари масъулони ин бонк, алайҳи намояндагони бархе аз ширкатҳо, ки аз “Агроинвестбонк” қарз гирифтаанд, низ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Масъулони Оҷонсӣ шумораи афродеро, ки алайҳи онҳо парванда боз шудааст зикр накарданд ва танҳо гуфтанд, ки дар ин бора баъдан маълумот хоҳанд кард.

Соли гузашта низ Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо дастури Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ дар “Агроинвестбонк” тафтиш гузаронда, даҳҳо миллион сомонӣ зарарро ошкор карда буд. Зимнан, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соли 2018 Муродалӣ Алимардонов, раиси “Агроинвестбонк”-ро бозпурсӣ карда буд.

“Агроинвестбонк” тақрибан панҷ сол боз бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 730 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад. Қутбиддин Сафарзода як масъули Оҷонси мубориза бо фасод дар ин нишасти хабарӣ гуфтааст, дар доираи ин парванда, тақрибан 40 нафар мансабдорони воломақоми ин бонк (аз ҷумла кормандони собиқ) ва инчунин роҳбарони як қатор ширкатҳои Тоҷикистон бозпурсӣ мешаванд. Номбурда гуфт, ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноии зикршуда, ният доранд, далелҳои додани қарзҳои ғайриқонунӣ ва азхудкунии онҳоро ошкор кунанд. Ӯ гуфт, баъзе ҷузъиёти парванда бояд ифшо карда нашаванд, “зеро дар пеш кори тӯлониву пурмашаққате доранд”.

Муродалӣ Алимардонов, собиқ раиси Агроинвестбонк, ки дар гузашта таййи даҳ сол аз соли 1995- то 2005 раёсати Бонки миллиро бар ӯҳда дошт барои ғайримақсаднок истифода кардани вомҳои Сандуқи байналмилалии пул муқассир шинохта шуда буд. Аммо он замон ӯро аз раёсати Бонки миллӣ барканор вале муовини сарвазир дар умури кишоварзӣ таъйин карданд.

Он замон Алимардон гуфта буд, ки ин миқдори қарзро барои ширкат ва воҳидҳои кишоварзӣ додааст. Ва,аммо давлати Тоҷикистон маҷбур шуд,ки ин қарзҳоро бо баҳрааш баргардонад. Он вақт гуфта мешуд, ки Алимардон аз ёрони наздики раиси ҷумҳурӣ аст ва имкон надорад, ки ин ҳам пул бидуни ризояти шахси аввал нобууд шуда бошад.

Аммо феълан дар пасманзари муфлис ва инак ба ҷавобгарӣ кашидани Агроинвестбонк ва ҳамин тавр мушкил шудани кор дар Тоҷиксодиротбонк, вале ҳамзамон арсаи бонкдоpиро ишғол кардани Спитаменбонк, Коммерсбонк, Бонки байналмилалии Тоҷикистон,ки ба домодҳои раиси ҷумҳурӣ тааллуқ доранд, бештари коршиносон бар ин назаранд, ки ин бонкҳо ба таври маснӯӣ аз бозори пули кишвар ба берун зада шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.