30.9 C
Dushanbe

Зеленский: Ҷанги Украина танҳо аз роҳи набард поён меёбад

Президенти Украина гуфтааст, ки ҷанг дар майдони набард Русияро водор мекунад, ки аз идомаи ишғоли кишвараш даст бикашад.

7-уми июни соли 2022 Владимир Зеленский дар мусоҳабае бо рӯзномаи “FINANCIAL TIMES” гуфтааст, “мо аз назари доштани таҷҳизоти низомӣ нисбат ба Русия дар сатҳи пойинтаре қарор дорем ва ба ин хотир тавоноии мо барои пешрафт камтар аст.

Президенти Укараин меафзояд, ки “мардум дар авлавияти мо қарор доранд, вале ба хотири вуҷуди таҷҳизоти камтар дар майдони набард ба мо зарарҳои зиёдтаре ворид хоҳад шуд.”

Рабаҳри Украина дар ин мусоҳибаи худ бори дигар таъкид кардааст, ки ба ҳеч ваҷҳ розӣ нест, ки як гӯшаи хоки ватанаш зери ишғоли Русия бошад, бинобар ин аз кишварҳои ғарбӣ ва ҳампаймонони кишвараш хостааст, ки дар ихтиёри онҳо таҷҳизоти низомии бештаре қарор диҳанд, то тавонанд пеши роҳи ишғолгариҳои Русияро бигиранд ва Маскавро маҷбур намоянд, ки ҷангро қатъ кунад.

Гуфта мешавад, субҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ Русия бо баҳонаи мубориза ба он чи гурӯҳҳои “фошистӣ” аз онҳо ёд мекунад, ҳамлаҳои худ ба Украинаро оғоз кард ва бо гузашти беш аз 100 рӯз то ҳол натавонистааст, ки ба аҳдофи худ даст пайдо карда, ҷангро қатъ кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

Раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масълаҳои ҳамкории дуҷонибаи худро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

Баъд аз боздошту латтукӯби муҳоҷирон Лавров ба Тоҷикистон меравад

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо як сафари кории ду рӯза озими Тоҷикистон мешавад.

Додгоҳ эътироф кард, ки Розиқов бо шиканҷа кушта шудааст

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб эътироф карда, ки Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола,...

Дар Қирғизистон аз як кӯдето пешгирӣ шудаст

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 5-уми июн аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки ба гуфти ин ниҳод, қасди кудето кардан дар ин кишварро доштаанд.