31.9 C
Dushanbe

Зиёд шудани воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон

Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ беш аз 411 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27% зиёд аст.

Бино ба иттилои Агентии омори кишвар, воридоти маҳсулоти нафтӣ аз рӯи нарх ба андозаи 80% боло рафта, 338,5 млн долларро ташкил додааст.

Ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ то 12,2% афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин давраи соли 2021 он 8,5 фоизро ташкил медод.

Asia-Plus дар истинод ба Хадамоти зиддиинҳисории кишвар хабар медиҳад, ки Тоҷикистон ҳудуди 90 дарсади маҳсулоти нафтиро аз Русия, тақрибан 6% аз Қазоқистон ва як қисми нисбатан ками онро аз Узбекистон, Белоруссия ва Озарбойҷон харидорӣ мекунад.

Тоҷикистон аз соли 2013 ба таври имтиёзнок (бидуни пардохти боҷи гумрукӣ) аз Русия маводи сӯзишворӣ мехарад. Яке аз шартҳои асосии таҳвили имтиёзноки маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба кишварҳои сеюм дубора содирот нашудани он мебошад.

Гуфта мешавад, ки ҶСК “Газпромнефт-Тоҷикистон” воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ба шумор рафта, ин ширкат тақрибан 50 дарсади маҳсулоти нафтиро аз ҳаҷми умумӣ ба кишвар ворид кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.