16.9 C
Dushanbe

Зиёда аз 120 кушта, захмӣ ва асир дар Бадахшон

Дар як ҳафтаи гузашта дар вилояти Бадахшони Афғонистон зиёда аз 120 нафар кушта, захмӣ ва ба дасти Толибон асир афтодаанд.

Акс аз сомонаи ББС

Бино ба иттилои ББС, Толибон дар ҳафтаи гузашта дар вулусволиҳои тобеи вилояти Бадахшони Афғонистон дасти кам 38 нафарро ба қатл расонидаанд.

Салоҳиддин Раббонӣ, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон бо интишори баёнияе қатли онҳоро “куштори бераҳмона” хонда, гуфтааст, ки аксари онҳо муҷоҳидон ва фармондеҳоне будаанд, ки барои “раҳоии мардум аз зулм ва ҷиноятҳои гурӯҳи Толибон дар вилояти Бадахшон ба муборизаи мусаллаҳона рӯй оварда буданд.”  

Инчунин Муиззуддин Аҳмадӣ, раиси Иттилоот ва фарҳанги Толибон дар ин вилоят гуфтааст, дар асари даргириҳое, ки байни нерӯҳои мухолифин ва Толибон сурат гирифтааст, се нафар аз Толибон низ кушта шудаанд.

Ҳамзамон раиси Иттилоот ва фарҳанги Толибон дар Бадахшон гуфтааст, дар ин набардҳои ахире, ки дар ин вилоят сурат гирифтааст, 78 нафар аз нерӯҳои мухолиф ба асорат гирифта шуда, 5 каси дигари онҳо низ захмӣ шудааст.

Гуфта мешавад, Толибон баъд аз дубораи сари қудрат расидан ба ҳама нерӯҳои мухолифе, ки дар муқобили онҳо силоҳ мебардоранд, онҳоро “Боғӣ”(саркаш, туғёнгар) номида, барои саркӯби онҳо иқдом мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.