9.9 C
Dushanbe

Зиндонӣ шудани 5 афсари шиканҷагар

Имрӯз 26-уми июн Рӯзи байналмилалии ёрӣ ба қурбониёни шиканҷа аст.

Созмони Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR) мегӯяд, дар соли 2023 ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 16 шикоят дар мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ ворид шудааст, ки дуто аз ин шикоятҳо аз ҷониби ноболиғон ва панҷтои дигар аз ҷониби занон будааст.

Дар ин робита панҷ афсари ниҳодҳои қудратӣ бозодшт ва тибқи модаи 143 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шудданд.

Ин созмон навиштааст, ки вазъият дар Тоҷикистон пас аз саркӯби бераҳмонаи тазоҳуркунандагон моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад, мақомот дар саркӯби этирозгарон аз зӯр ва шикнҷа истифода кардаанд ва даст ба боздоштҳои худсарона задаанд.

Ин созмон аз вазъияти саломатии ҳомии ҳуқуқ Манучеҳр Холиқназаров нигаронӣ кардааст. Холиқназаров ду сол пештар дар пайи этирозҳо дар Бадахшон боздошт шуда буд ва Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро бо иттиҳоми бофта ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.