21.9 C
Dushanbe

Зиндонӣ шудани як муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми “бадномкунии низомиёни рус”

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Новосибисрки Русия бо иттиҳоми “бадномкунии низомиён” ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. 

Тибқи иттилои Додгоҳи ноҳияи Калининскии шаҳри Новосибирск, шаҳрванди Тоҷикистон Далерҷон Очилов, ки дар маркази савдои Новосибирск ба гуштфурӯшӣ машғул будааст, “аз моҳи феврали соли 2022 то марти 2024 маълумоти бардурӯғро дар бораи ҷанги Ураина нашр карда, Путин ва тасмими ҳукумати Русия барои ҳамала ба хоки Украинаро маҳкум кардааст.” Додгоҳ Далерҷонро дар таҳқири занони рус низ гунаҳкор медонад. 

Додгоҳ ҳукмашро 16-уми январи соли 2025 содир кардааст. Тибқи ин ҳукм, Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Новосибирск Ачилов Далерҷонро дар содир намудани ҷиноят “паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Русия бар асоси кинаю хусумати сиёсӣ, идеологӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва иттиҳоми авбошӣ” гунаҳкор медонад.

Аммо сомонаи ҳомии ҳуқуқи башари “Мемориал” навишта, ки моҳи марти соли 2024 Очилов бо яке аз занҳои фурӯшанда дар бозор муноқиша кардааст. Ва ин зан бар болои Далерҷон шикоят бурда ва даъво карда, ки Очилов “Амалиёти махсуси низомиро маҳкум кардааст ва ба русҳо нафрат дорад”.

Дар аввал пулис гуфта, ки ҳеҷ далели гуноҳи Очиловро пайдо накардаанд. Аммо пас аз ҳамлаи террористии “Крокус Сити Холл”, ки чанд тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо гумони иштирок дар ин ҳамла боздошт шудаанд, Кумитаи тафтишоти Русия дигарбора шикояти барзидди Очиловро баррасӣ карда, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Дар ниҳоят додгоҳ бо иттиҳоми бадном кардани нерӯҳои мусаллаҳи Русия ин шаҳрвнади Тоҷикистонро ба 7 соли зиндони низомаш умумӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Вакили дифои Далерҷон, Наталя Воронтсова ба “SotaVision” гуфтааст, ки зерҳимояаш гуноҳашро эътироф намекунад ва парвандаи ӯ бо далелҳои беасосо сохта шудааст. Ба гуфтаи вакили мудофеи ин шаҳвранди Тоҷикистон, аксари шоҳидони айбдоркунанда натвонистаанд шунидани дашномҳо аз сӯи Далерҷонро исбот кунанд.

Ба боварии ҳуқуқшиносон Далерҷон қурбонии раванди муҳоҷирбадбинӣ дар Русия шуда аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бонки ҷаҳонӣ механизми нави сарфи маблағро ба Тоҷикистон ироа кард

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ як механизми нави молиявиро барои Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳадафаш вокуниши босуръат ба ҳолатҳои фавқулода ва буҳронҳо мебошад.

Сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирони Русия коҳиш ёфтааст?

Вазорати корҳои дохилии Русия аз коҳиши ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷирони корӣ хабар дод.

Наҷот ёфтани як нафар аз худкушӣ тавассути хонандаи мактаб

Дар шаҳри Душанбе як духтари ҷавон бо қасди худкушӣ худро ба дарё андохт, вале тавассути як хонандаи мактаб аз марг наҷот ёфт.

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.