Додгоҳи вилояти Хатлон раҳбари хоҷагии “Шукрулло”-ро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.
Бино ба иддаои Додситонии кулли кишвар, Бобомуродов Маҳмудҷон Мирзоназарович, сокини 59-солаи ноҳияи Дӯстӣ ва роҳбари хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” гӯё “бо истифода аз телефони мобилӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи “Ислоҳ.тв”-ро мунтазам тамошо намуда, навору баромадҳои ровии он Муҳаммадиқболи Садриддинро қобили қабул дониста, бо ӯ дар алоқа пайвастааст”.
Додситонӣ мегӯяд, ки Бобомуродов “моҳи июли соли 2023 матнеро бо мавзӯӣ «Камбудиҳои оби полезӣ ва оид ба фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот» омода намуда, онро ба ровии барномаи «Ислоҳ.Тв» Муҳаммадиқболи Садриддин барои нашр намудан ирсол намудааст”.
Ин мақола рӯзи 2-уми августи соли 2023 дар сомона ва шабакаи “Ислоҳ” бо номи “Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет №42” нашр шудааст ва додситонӣ онро “ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумоти иғвоангези ифротӣ бо мақсади ҷиноӣ ва ғаразнокии ТЭТ «Ҳизби наҳзати ислом» ва ТЭТ «Паймони миллӣ» нигаронида шудааст”, номидааст.
Дар ин мақола, ки дар бораи камбуди оби полезӣ ва дар коррупсия даст доштани масъулони ноҳияи Дӯстӣ гуфта шудааст, дар шабакаи ютуби “Ислоҳ ТВ” 82 ҳазор тамошобин ва дар сомонаи он 307 ҳазору 800 хонанда дошта, 167 маротиба бознашр доштааст.
Гуфта мешавад, оид ба ин ҳолат 16-уми октябри соли 2023 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ нисбати Бобомуродов М.М. бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 24-уми ноябри соли 2023 баъд аз анҷоми тафтишот ба додгоҳ ирсол шудааст. Додгоҳи вилояти Хатлон 19-уми декабри соли 2023 ӯро ба муҳлати 5 сол, бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум кард.
То ҳол назари Бобомуродов ва пайвандону вакили дифоаш дар ин бора дастраси расонаҳо нашудааст.
Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар суҳбат бо Azda tv ҳамкорӣ бо ин афродро рад карда гуфт, ки “мо аслан Бобомуродов Маҳмудҷонро намешиносем ва манбае, ки ин маълумотро ба мо ирсол намудааст дар озодӣ аст. Ӯ таъкид кард, ки мақомот бо туҳмат ин нафарро зиндонӣ кардаанд“.
Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мақомдорони тоҷик сокинони кишварро бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнуъ” боздошт мекунанд.
Ин бори аввал нест, ки мақомот шаҳрвандонро бо чунин иттиҳом равонаи зиндон мекунанд. Дар моҳи октябри соли 2023 Додситонии кулли кишвар аз боздошт ва боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷумъаева М.Х-и 34-сола бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” ва ҷонибдорӣ аз Паймони Миллии Тоҷикистон хабар дода буд.
Инчунин 12-уми июни соли 2023 Додгоҳи вилояти Суғд Муҳиба Давроноваи 42-солаи сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” барои 18 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.
Дар аввали моҳи майи соли 2023 низ мақомоти амниятии шаҳри Исфара Камолиддин Шарофови 70-соларо, ки гуфта будааст, ба Радиои Озодӣ ва “Ислоҳ тв” аз рӯи рафтори ғайриқонунии кормандони комиссарияти ҳарбӣ шикоят менависад, боздошт карда буданд.
Ҳамзамон моҳи декабри соли 2022 Додгоҳи вилояти Хатлон Мавлуда Боймуродзода, мудири пешини маорифи ноҳияи Панҷ, Зоидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия мазкур ва Абдураҳмон Иззатмандов, хабарнигори телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо”-ро, ки гӯё онҳо аз вазъи маориф дар ноҳияи Панҷ ба шабакаи “Ислоҳ ТВ” шикоят кардаанд, зиндонӣ кард.
Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар суҳбат бо Azda tv ҳамкорӣ бо ин афродро рад карда буд. Ин пойгоҳ, ки пайваста дар бораи мушкилоти мавҷуд ва рафторҳои ғайриқонунии мақомоти тоҷик маводҳо нашр мекунад, дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда, мақомоти тоҷик нафарони зиёдеро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо он зиндонӣ кардаанд.
Мудири пойгоҳи мазкур ба Azda tv гуфта буд, ки “Ҳеч вақт ин нафарон бо мо дар тамос набуданд ва ҳеч маълумоте ҳам ба мо фиристогӣ нестанд.” Ӯ инчунин дар идома афзуда буд, ки “мақомдорон барои тарс додани сокинони кишвар чанд маротиба шуда, ки чунин кореро анҷом медиҳанд“.
