Зулайхо Маҳмадшоева, овозхон ва соҳибкор, дар саҳифаи Instagram-и худ аз рафтори баъзе намояндагони ниҳодҳои андоз интиқод кардааст.
Ин сароянда изҳор доштааст, ки соҳибкорон андозҳоро ҳамеша сари вақт месупоранд, аммо бо вуҷуди ин, бархе намояндаҳои ин сохтор бо айбҷӯӣ ва санҷишҳои бемаврид ба фаъолияти онҳо халал мерасонанд.
Маҳмадшоева дар паёмаш чунин навиштааст: “Мо соҳибкорон андозро ҳамеша сари вақт месупорем, лекин намефаҳмам барои чӣ боз баъзе намояндаҳо айбҷӯӣ мекунанд ва ором намегузоранд. Илтимос, каме имконият диҳед, то мардум тавонад бо осоиш кору фаъолияташро идома диҳад. Мо низ мехоҳем бо дили гарм кор кунем, на бо тарсу ноумедӣ.”
Ин интиқод боиси вокунишҳои васеъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, баҳсҳо дар бораи вуҷуди фасод ва фишорҳои аз ҳад зиёди мақомоти андозро дубора ба миён овардааст. Бисёре аз соҳибкорон мегӯянд, ки бо вуҷуди супоридани мунтазами андоз, кормандони андоз онҳоро дар як моҳ чандин маротиба таҳти санҷиш қарор медиҳанд ва бо баҳонаҳои гуногун фишор меоранд.
Яке аз ин соҳибкорон Амирҳамза, сокини ноҳияи Восеъ, таҷрибаи шахсии худро дар сафҳаи Фейбуки “Хостаҳо” чунин нақл кардааст:
“Дар Душанбе дӯкони моҳипазӣ кушодам. Ҳар рӯз аз ин идораву он идора омада пул мепурсиданд, дар ҳоле ки ман андозро сари вақт медодам. Агар гап мезадам, таҳдид мекарданд: “Даҳанта ҷамъ кун, дӯконта намебандем?”. Моҳиро бепул мебурданд. Аз ин фишорҳо гурехтам: аввал ба Туркия, баъд ба Амрико рафтам”.
Гуфта мешавад, пас аз нашри ёдошти Зулайхо, намояндагони мақомот ба ӯ тамос гирифта, хоҳиш намудаанд, ки паёмашро аз сафҳааш тоза кунад. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо ба ӯ ваъда додаанд, ки дар сурати пок кардани паём, дигар ба кори ӯ дахолат нахоҳанд кард ва аз санҷишҳои беасос худдорӣ менамоянд.
То баҳол ягон ниҳоди давллати аз ҷумла кумитаи андоз ба ин шикояти овозхон расман вокуниш накарданд.
Шикояти сароянда дар мавриди фишори кормандони андозу ҷаримаҳои беасос дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтаи гузашта Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷети давлат 415 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Гуфта мешавад, танҳо аз ин манбаъ ҳар рӯз ҳудуди 1,5 миллион сомонӣ ба буҷети кишвар ворид мешавад. Манбаъ ҳамчунин хабар дода буд, ки иҷро нақшаи даромад аз ҳисоби ҷаримаҳо ба 147,7% расидааст.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки фишори кормандони андоз ва дигар ниҳодҳои марбута бештар барои пулкоркунии шахсии худашон аст ва ин ҷаримабандиҳо болои соҳибкорон вазъи иқтисодии кишварро бадттар хоҳад кард. Ба гуфтаи онҳо, дар ин рӯзҳо вазъи молии қисми зиёди аҳолии кишвар хуб нест, садҳо ҳазор шаҳрванд дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, то тавонанд хароҷоти оилаи худро таъмин кунанд. Дар баробари ин, нархи маҳсулоти хӯрока, маводи ниёзи аввал ва хидматрасониҳо пайваста гарон мешавад, ки фишори иқтисодиро болои мардум боз ҳам зиёд мекунад.
