Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон гуфтааст “хатарноктарин таҳдидҳо ба амнияти Халиҷи Форс на аз дохили минтақа, балки аз қарорҳо ва иқдомҳои берунӣ, ба вижа аз Тел-Авив сарчашма мегиранд.”
Вазири хориҷаи Уммон дар мақолаааш, ки моҳи июл дар рӯзномаи фаронсавии Le Monde нашр ва баъдан аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Уммон расман мунташир шуд ба чанд ҷанбаи сиёсӣ дар Халиҷи Форс пардохта, ки хулосаи онро инҷо меорем:
1. Манбаи аслии таҳдид
Вазир ошкоро изҳор мекунад, ки сиёсати чандиндаҳсолаи «маҳдудсозии Эрон», ки аз соли 1979 меҳвари амнияти минтақа қарор дошт, ноком шудааст. Ба гуфтаи ӯ, таҳдиди асосӣ ба амнияти Халиҷи Форс на аз дохили минтақа ва на аз ҷониби Эрон, балки аз тасмимҳо ва иқдомҳое сар мезанад, ки берун аз минтақа, пеш аз ҳама дар Тел-Авив гирифта мешаванд ва боиси бесуботии вазъ мегарданд.
2. Арзёбии даргириҳои ахир
Ал-Бусаидӣ танишҳои низомии ахирро «фоҷеабор» ва «офат» меномад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷангҳо бидуни иҷозаи Созмони Милали Муттаҳид оғоз шуданд, ба ҳеҷ яке аз ҳадафҳои эълоншуда нарасиданд ва танҳо ранҷи мардумро бештар карда, суботи минтақаро заъиф сохтанд.
3. Меъмории нави амният
Ба ҷойи сиёсати муҳосира ва каноргузории кишварҳо, Уммон гузариш ба ҳамгироии минтақавиро пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи вазир, низоми ояндаи амнияти Халиҷи Форс бояд ҳамаи ҳашт кишвари соҳилӣ — шаш кишвари Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ, инчунин Эрон ва Ироқро дар бар гирад ва бар пояи дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар ва эҳтироми мутақобил бунёд шавад.
4. Бознигарӣ дар муносибат бо Амрико
Уммон ҷонибдори қатъи муносибат бо Вашингтон нест, аммо бар он аст, ки ин равобит бояд бо воқеияти нави геополитикӣ мутобиқ карда шавад. Аз нигоҳи Масқат, меҳвари ҳамкорӣ бояд ҳамгироии кишварҳои минтақа бошад, на такя ба пойгоҳҳои низомии хориҷӣ ва хароҷоти азими ҳарбӣ.
5. Амнияти тангаи Ҳурмуз
Уммон дар ҳамкорӣ бо Эрон пешниҳод мекунад, ки барои таъмини озодии киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз механизмҳои воқеӣ ва пойдор, мутобиқ ба ҳуқуқи байналмилалӣ, таъсис дода шаванд. Масқат омодааст бо Созмони Милали Муттаҳид ва ширкатҳои ҳамлу нақли баҳрӣ дар масъалаҳои амнияти киштиронӣ ҳамкорӣ кунад. Ҳатто масъалаи ҷорӣ намудани пардохтҳои ихтиёрӣ низ матраҳ шудааст, аммо танҳо барои хизматрасониҳои воқеии ҳифзи киштиҳо ва муҳити зист.

