Тайи ду рӯзи охир дар чанд минтақаи Тоҷикистон селҳои шадид ҷорӣ шуда, ба хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳо ва заминҳои кишоварзии сокинон хисороти зиёд расонидааст.
Рӯзи 11-уми июл дар деҳаи Метки ноҳияи Деваштич низ сел фурӯд омад. Ба гуфтаи сокинон, бар асари ин офати табиӣ роҳҳо, симчӯбҳои барқ ва боғҳои чандин сокин зарар дидаанд. Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шудаанд, ки нишон медиҳанд ҷараёни пуриқтидори сел чанд мошинро низ бо худ бурдааст.
Ҳамзамон, дар ноҳияи Айнӣ деҳаи Дарғ низ сел боиси хароб шудани чанд манзили истиқоматӣ, роҳҳо ва боғҳои сокинон гардидааст. То кунун мақомоти расмӣ ҳаҷми дақиқи хисороти расидаро эълон накардаанд. Худи сокинон ин ҳаҷми хисоротро 5-6 миллион доллар тахмин мезананд.
Бинобар кишвари кӯҳистонӣ будан, Тоҷикистон, ҳамасола офатҳои табиӣ, аз ҷумла боронҳои шадид, селхезӣ, фаромадани ярч ва ва ғайраро таҷриба мекунад. Коршиносон мегӯянд, тағйирёбии иқлим ва гармшавии беш аз ҳадди ҳаво боиси афзоиши хатари обхезиҳо ва селҳои харобиовар мегардад. Ҳар сол офатҳои табиӣ ба иқтисоди кишвар миллионҳо сомонӣ зарар расонида, ба инфрасохтор, манзилҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишоварзӣ хисороти ҷиддӣ ворид мекунанд.
