Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия ба Тоҷикистон низ таъсир расонд

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои коркарди нафт ба вуҷуд омад, ба Тоҷикистон низ таъсири худро расондааст. Ҳоло мақомоти кишвар кӯшиш доранд, роҳҳои алтернативии таъмини маҳсулоти нафтиро пайдо кунанд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа рӯзи 10-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфтааст, ки захираи мавҷудаи маҳсулоти нафтӣ дар кишвар барои 60 рӯзи оянда кифоя аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамкорӣ бо Русия дар доираи созишномаи байниҳукуматӣ қатъ нашудааст, вале мушкилот дар соҳаи истеҳсол ва интиқол ҳам дар минтақа ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ вуҷуд доранд.

“Мо бо шарикон, аз ҷумла Русия, ҳамарӯза дар тамос ҳастем ва содироти баъзе маҳсулоти нафтӣ идома дорад, гарчанде мушкилиҳое низ ба назар мерасанд”, гуфт вазир.

Далер Ҷумъа хабар дод, ки муколама бо якчанд кишвари дигари содиркунанда, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон, Эрон, Ироқ ва Белорус ҷараён дорад ва ҳадаф аз ин гуфтугӯҳо таъмини ҳаҷми зарурии маҳсулоти нафтӣ барои эҳтиёҷоти иқтисоди кишвар аст.

Пеш аз ин, дар нишасти хабарии Ожонси авиатсияи шаҳрвандӣ (8-уми июл) ин мавзуъ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Раиси Ожонсӣ Ҳабибулло Назарзода гуфта буд, ки ширкатҳои сӯхтрасон аллакай як ҳафта боз бо Қазоқистону Туркманистон ва баъзе кишварҳои дигар музокира мебаранд, гарчанде тафсилоти ин гуфтугузорҳо то ҳол ошкор карда нашудаанд.

Русия аз якуми моҳи июн содироти керосини ҳавопайморо муваққатан манъ кард, ки гуфта мешавад ин маҳдудият то 30-юми ноябри соли ҷорӣ давом мекунад.

Бар асоси иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар соли 2025 зиёда аз 1,2 миллион тонна маҳсулоти нафтиро маҳз аз Русия харидорӣ намуда буд ва имрӯз низ қисми асосии ниёзи худро ба ин маҳсулот аз ҳамин кишвар таъмин мекунад.

Норасоии сӯзишворӣ дар худи Русия бошад, натиҷаи мустақими ҳамлаҳои паиҳами паҳподии Украина ба корхонаҳои коркарди нафт мебошад, аз ҷумла корхонаи Омск, ки тавоноии солонаи он ба 21 миллион тонна мерасад. Ин омил боис гардида, ки Тоҷикистон низ имрӯз ба ҷустуҷӯи манбаъҳои нави таъминоти фаровардҳои нафтӣ рӯй оварад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.