13.9 C
Dushanbe

1 ҳазор рубли русӣ наздик ба 200 сомонӣ шуд

Қурби рубли русӣ ба сурати камсобиқа дар муқобили тамоми арзҳои хориҷӣ, аз он ҷумла доллари амрикоӣ, евро ва

Имрӯз, 13-уми майи соли 2022 қурби рубли русӣ дар биржаҳои байналмилалии пул ба ҳадде боло рафтааст, ки дар чанд соли ахир онро таҷриба накарда буд.

Қурби рубли русӣ дар баробари доллари амрикоӣ ҳам ба сурати рекордӣ боло рафта, дар ин биржаҳо қимати 1000 доллари амрикоӣ баробар ба 64 ҳазору 560/583 рубли русӣ таъйин шудааст.

Арзиши евро ҳам дар муқобили рубли русӣ ба сурати рекорӣ дар ин чанд соли ахир суқут карда, имрӯз қурби 1000 евро дар баробар ба 67 ҳазору 114/123 рубли русӣ таъйин шудааст.

Бонки марказии Русия ҳам қурби рубли русиро дар баробари арзҳои хориҷӣ, аз он ҷумла доллари амрикоӣ ва евро ба сурати рекордӣ дар ин чанд соли ахир боло бурда, гуфтааст, ки қурби 1 доллари амрикоӣ ҳангоми харид баробар ба 59, 97 ва дар вақти фурӯш баробар ба 71,12 рубли русӣ аст. Аммо қурби 1 евро ҳангоми харид 62,26 ва ҳангоми фурӯш баробар ба 75,17 рубли русӣ аст

Дар ин биржаҳо арзиши 1000 рубли русӣ баробар ба 194-195 сомонӣ шуд. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар баробари сомониро хеле камтар аз нархи биржаҳо таъйин карда, гуфтааст, ки 1000 рубли русӣ баробар 166 сомонӣ мебошад.

Пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ба рӯзи 24-уми феврали соли 2022 қурби рубли русӣ ба муддати ду ҳафта ба шиддат пойин рафт ва арзиши 1000 доллари амрикоӣ наздик ба 150 ҳазор рубли русӣ гардида буд, аммо баъд аз ҳафтаи аввали моҳи марти соли ҷорӣ зина ба зина дубора боло рафт ва акнун ба марҳилае расида, ки соли 2015-2016 қарор дошт.

Гуфтанист, Тоҷикистон зиёда аз ду миллион муҳоҷири корӣ дар ҳудуди Русия дорад ва болову пойин шудани қурби рубли русӣ натанҳо ба кисаи муҳоҷирон, балки ба буҷети хонаводаи онҳо ва дар маҷмуъ ба иқтисоди кишварамон низ таъсиргузор аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.