13.9 C
Dushanbe

16 тавсияи СММ ба мақомоти Тоҷикистон

Гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодии дин ва эътиқод хонум Нозила Ғано барои беҳбудии вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои мардум ба ҳукумати Тоҷикистон 16 тавсия додааст.

Дар шаҳри Женеваи Суис аз 26-уми феврал то 5-уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи 55-уми Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар ин нишаст хонум Нозила Ғано, ки соли гузашта аз Тоҷикистон дидан карда буд, бо гузорише аз вазъи озодиҳову ҳуқуқи мардум дар кишварамон маълумот дод.

Аз ҷумла, дар ин гузориш дар бораи шароити сиёсӣ ва таърихӣ, уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, чаҳорчӯби ҳуқуқӣ ва институтсионалии озодии дин ё эътиқод, ҳуқуқ барои доштан, қабул ва тағйир додани дин ё эътиқод, терроризму экстремизм, баста шудани ҲНИТ ва боздошту зиндонии раҳбарону аъзои ин ҳизб, вазъият дар ВМКБ, саркӯби дигарандешон ва ғайра гуфта шудааст.

Дар хулосаи ин гузориш хонум Ғано мегӯяд, ки ҳарчанд озодии дин ё эътиқод ҳуқуқи ҷудонашавандаи ҳар як шахс аст, аммо дар Тоҷикистон он дар қонун ё амал эътироф нашудааст ва ин ба озодиҳо дар Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Инчунин ба гуфтаи гузоришгари вежаи СММ, ҳарчанд озодии дин ва эътиқодро Конститутсияи Тоҷикистон кафолат дода бошад ҳам, вале он бо Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд, Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимхо, Кодекси чиноятй ва Кодекси хукуквайронкунии маъмурӣ маҳдуд мешавад.

Гуфта мешавад, садҳо нафар бо иттиҳоми норавшан дар ифротгароӣ ва терроризм ба муддати то 15 сол ва бештар аз он дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд. Инчунин аз соли 2016 инҷониб Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро ба далели нақзи ҷиддии озодиҳои мазҳабӣ дар рӯйхати “Кишварҳои нигаронии хос” ворид мекунад.

  • Дар ҷаласаи 55-уми Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хонум Нозила Ғано ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, ки имконият фароҳам оварад, ки гуногунрангии мазҳабӣ дар ҷомеа бидуни ҳеҷ гуна табъиз ва тарсу ҳарос ба таври мусбӣ пеш равад;
  • Инчунин қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ва Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро бо мақсади мутобиқгардонии онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла моддаи 18-и Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ баррасӣ намояд;
  • ҳама муқаррароти Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ба озодии дин ва эътиқод марбутанд, бо мақсади мутобиқ кардани онҳо ба моддаи 18 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва дигар стандартҳои дахлдори байналмилалии ҳуқуқи инсон, бррасӣ ва таҷдиди назар карда шавад;
  • ба ҳар як шахс ҳуқуқи пайравии озодона, бемаҳдудияту назорат ва тарс аз дину эътиқод дода шавад;
  • бақайдгирии ташкилотҳои динӣ осон карда шавад;
  • ба шахсоне, ки ба ақаллиятҳои динӣ тааллуқ доранд, имкон дода шавад, ки хусусиятҳои хоси худро нигоҳ доранд ва аз озодии дин ё эътиқод пурра истифода баранд;
  • таърифҳои норавшани мафҳуми “экстремизм”-ро аз нав баррасӣ кунад, зеро доираи васеи ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба фаъолияти динӣ ба озодии дин ва эътиқод, баён ва ҷамъомадҳо таъсири манфӣ мерасонад;
  • гузаронидани тафтишоти фаврӣ, беғаразона ва шаффоф дар бораи ҳодисаҳое, ки аз моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додаанд;
  • баррасии парвандаи ҳамаи шахсоне, ки бо иттиҳоми норавшани ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд ва ҳама маҳбусони виҷдонро озод кунанд;
  • озодии дин ё эътиқодро ҳамчун ҳуқуқи ҷудонашавандаи ҳар як шахс, аз ҷумла маҳбусон эътироф кунад;
  • заминаи институтсионалии ҳифзи ҳуқуқи инсон тавассути кафолат додани мустақилияти пурраи Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон;
  • барои таъмини татбиқи Қонуни баробарӣ ва барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз бо иштироки пурраи ҳамаи гурӯҳҳои манфиатдори ҷомеа ва дигар ҷонибҳо дар амал чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар гузориши Намояндаи вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодии дин ва эътиқод хонум Нозила Ғано боз чанд тавсияи дигаре низ оварда шудааст, ки шакли муфассали онро метавонед дар ин линк мутолиа кунед.

https://undocs.org/Home/Mobile?FinalSymbol=A%2FHRC%2F55%2F47%2FADD.1&Language=E&DeviceType=Mobile&LangRequested=False

Гуфта мешавад, дар ин нишаст намояндаи Тоҷикистон низ ширкат ва 5 дақиқа суханронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон тавсифу тамҷид кард.

Ёдовар мешавем, ки Гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодии дин ва эътиқод хонум Нозила Ғано аз 11 то 20 апрели соли 2023 аз Тоҷикистон дидан карда буд.

Хонум Ғано мегӯяд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аксари дархостҳои ӯро дар бораи мулоқотҳо қонеъ карда, ба муассисаҳои гуногун, аз ҷумла ба колонияи №3/1-и шаҳри Ваҳдат бурдаанд, аммо ӯ изҳори таассуф кардааст, ки мақомот барои баргузории мулоқотҳои расмӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат накарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.