21.9 C
Dushanbe

19 кушта ва беш аз 38 захмӣ дар як ҳамлаи Русия ба Одесса

Дар асари як ҳамлаи ҳавоии Русия ба истироҳатгоҳе дар шаҳри бандарии Одессаи Украина 19 нафар кушта ва беш аз 38 каси дигар захмӣ шудааст.

ББС ба нақл аз Хадамоти давлатии изтирории Украина (ГСЧС) хабар додааст, бомдоди имрӯз, замоне, ки мардум дар хоб буданд, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба яке аз минтақаҳои истироҳатӣ дар Одесса се мӯшак партоб карданд.

Ба иттилои манбаъ, яке аз ин мушакҳо як бинои нӯҳошёнаи истиқоматиро қисман хароб кард ва дуи дигар ба марказҳои фароғатии деҳаи Сергеевкаи ноҳияи Белгород-Днестровский, 80-километрии ҷануби Одесса бархӯрданд ва дар натиҷа 19 нафар, аз ҷумла як кӯдак кушта ва 38 нафари дигар ҳам захмӣ шуданд. Дар байни захмиҳо 6 кӯдак ва як зани ҳомила ҳам ба қайд гирифта шудааст.

Мақомоти украинӣ мегӯянд, оморҳои ахир аз он ҳикоят мекунанд, ки аз зери оворҳо 8 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак наҷот дода шудааст, бо ин ҳол корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд, вале ҳанӯз маълум нест, ки дар зери дигар харобаҳои ба ҷо монда аз ин ҳамла захмиҳо ва ё ҷонбохтагони дигаре низ ҳузур доранд ё на?

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ба рӯзи 24-уми феврали соли ҷорӣ, то кунун ҳазорҳо нафар кушта, даҳҳо ҳазори дигар захмӣ ва беш аз ҳафтуним миллион нафар тарки хонаву дари худ карда, муҳоҷир шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.