26.9 C
Dushanbe

Ду акси нав аз Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш ду акс аз Абдусатор Пирмуҳаммадзода – рӯзноманигори мусофиркаше, ки ҳафтаи гузашта баъд аз нашри эътирози видеоияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо ва овозаҳои зиёдеро дар пай дошт – нашр карда бар озод будани ӯ таъкид кардааст.

Завқибек мегӯяд, имрӯз бо ҳамкасбаш дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе вохӯрда ӯро бо худрави опелаш дидааст, ки машғули мусофиркашӣ мебошад. Ӯ ду акс аз рӯзноманигор нашр карда менависад, ки Абдусатор дар озоди буда ва машғули мусофиркашӣ аст ва аз таарфи ҳеҷ ниҳоде боздошт нашудаву дар таҳхонаи ҳеч ниҳоди интизомӣ қарор надорад ва машғули зиндагияш аст.

Акс аз саҳифаи фейсбукии Завқибек Саидаминӣ

Саидаминӣ дар идома меафзояд:

“Воқеан чаро бояд инсоне, ки ҷонаш ба лабаш мерасаду дардашро мегӯяд боздошту бозпурсӣ шавад?! Шояд ва бояд онҳоеро як бор бипурсанд, ки чаро дар давраи раисии ту ину он аз кор рафтанду ҳоло яке таксисту яке бозорнишину яке умуман бекор монданд”.

Ин дар ҳолест, ки баъди назшри навори эътирозияш Абдусатор Пирмуҳаммадзода дигар дар фейсбук ё расонаҳо изҳори назар накардааст ва инчунин ба паёмҳои фейсбукии хабарнигорони “Аздо тв” ҷавобе надодааст. Аммо рӯзи 19 ноябр манобеи мухталиф ба “Аздо тв” хабар доданд, ки Пирмуҳаммадзода озод аст ва дар манзилаш қарор дорад, вале бо такиди мақомот аз изҳори назар худдорӣ мекунад.

Рӯзноманигори тоҷик Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, пештар дар Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик кор карда, пас аз ронда шудан аз ҷои кораш ба мусофиркашонӣ машғул буд. Чанд рӯз пеш ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ аз набуди ҷои кор, шароити пасти зиндагӣ ва болои ин ҳама фишору ҷаримабандиҳои кормандони БДА дар роҳҳо шикоят кард.

Пирмуҳаммадзода, ки зиндагиашро аз ҳисоби мусофиркашонӣ мегузаронд, ба гуфтаи худаш кормандони БДА давоми як моҳ ду бор 580 сомонӣ барои мусофиркашонияш ҷаримааш бастанд. Ӯ дар муроҷиати видеоии худ ба Эмомалӣ Раҳмон, Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ хитоб намуда, мегӯяд, ки агар мардумро ба ҷои кор таъмин карда наметавонед, пас бигузоред ҳадди ақал худашон ризқашонро пайдо кунанд, нони меёфтаашонро аз даҳонашон кашида нагиред.

Матни комили коридаи Завқибекро дар зер бихонед!

Завқибек Саидаминӣ
КИ ШИНОХТ? Як соат пештар дар маҳалаи Гипроземи шаҳри Душанбе акаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ро дидам. Чун пештара бо Опелаш, (дар зер аксаш👇) ки «бахмалакаш» ном мондаст, ба таксизанӣ машғул буд!…

КИ ШИНОХТ?

Як соат пештар дар маҳалаи Гипроземи шаҳри Душанбе акаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ро дидам. Чун пештара бо Опелаш, (дар зер аксаш) ки «бахмалакаш» ном мондаст, ба таксизанӣ машғул буд! Як суҳбати хуби сарироҳӣ доштем. Акаи Абдусатторро ман чандинсол боз мешиносам! Як инсони Миллатдуст ва Ватандустест, ки аз пушти доштани андешаи худ аз рӯзноманигорӣ ба кирокашӣ (таксисти) рӯй овардааст! Аввалин суоле, ки ман бо диданаш додам он буд, ки шояд аксарият мехоҳанд бидиҳанд: «Баъди ун навор дар чи ҳоласту бо ӯ чи бархурд шуд?». Акаи Абдусатор гуфт: «Аввалан аз тамоми муҳоҷирин изҳори сипос мекунам, ки хелаҳош омода буданд маблағи ҷаримаи маро равон кунанд, вале ман розӣ нашудам». Дар давоми суҳбат акаи Абдусаттор гуфтанд, аз ҷониби ҳеҷ ниҳоде боздошт нашудаст, ва нисбати ӯ ҳеҷ шиканҷаеҳам сурат нагирифтаст! Он хабарҳое, ки дар падвали ин ё он ниҳод қарор дорад дурӯғанд. Ва ҳоло ҳамонгунае, ки дар аксҳо мебинед ба кирокашӣ машғул аст. Моҳам гуфтем Аллоҳ болои сари фарзандот нигаҳбонат бошаду хайру хуш кардем! Албата баъди як селфӣ

😁

PS: Воқеан чаро бояд инсоне, ки ҷонаш ба лабаш мерасаду дардашро мегӯяд боздошту бозпурсӣ шавад?! Шояд ва бояд онҳоеро як бор бипурсанд, ки чаро дар давраи раисии ту ину он аз кор рафтанду ҳоло яке таксисту яке бозорнишину яке умуман бекор монданд….

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид. 

Истеъфои сармуррабии футбол

Сармураббии дастаи пуровазадори "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳалокати як ҷавони тоҷик бар асри раъду барқ

Бар асри боришоти зиёди жола ва зарби раъду барқ дар бархе манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон як нафар ба ҳалок расидааст.