21 кушта ва 19 захмӣ: омори нигаронкунандаи садамаҳо дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон 21 нафар ҷон бохта, 19 нафари дигар захмӣ шудааст.

Дар ин бора намояндагони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ рӯзи 7-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи мақомот, дар байни ҷонбохтагон ду шаҳрванди Чин ва як шаҳрванди Эрон низ ҳастанд. Ҳамчунин дар миёни маҷруҳон як шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Чин қарор доранд.

Мақомот сабаби асосии рух додани ин ҳодисаҳоро риоя нашудани талаботи бехатарии саноатӣ, бемасъулиятии кормандони муҳандисиву техникӣ ва норасоии мутахассисони соҳибихтисос унвон карданд.

Дар робита ба ин ҳодисаҳо нисбат ба ду корхона, 33 шахси мансабдор ва 13 шахси масъул чораҳои маъмурӣ андешида шуда, дар маҷмуъ ба маблағи 153 ҳазору 960 сомонӣ ҷарима таъйин шудааст.

Ба иттилои Хадамот, шумораи садамаҳои истеҳсолӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳашт ҳолат бештар шудааст.

Ҳодисаҳои маргбор дар корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои охир борҳо боиси нигаронӣ шудаанд. Коршиносон аз риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ, истифодаи таҷҳизоти фарсуда ва норасоии назорати техникӣ ҳамчун омилҳои асосии афзоиши чунин садамаҳо ном мебаранд. Дар гузашта низ бархе аз коргарон ва наздикони онҳо аз беэътиноӣ ба қоидаҳои бехатарӣ ва назорати нокифоя дар баъзе корхонаҳо шикоят карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...