Дар якуним сол ба буҷети давлатии Русия аз бахши муҳоҷират 321 миллиард рубл (тақрибан 4 миллиард доллар) ворид шудааст.
Дар ин бора Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия ва роҳбари хадамоти муҳоҷират, дар мулоқот бо Владимир Путин хабар дод. Ӯ гуфт, ки ин нишондиҳанда ба давраҳои гузашта 30 дарсад афзуда, қисми асосии маблағ аз пардохти патентҳои кории муҳоҷирон ба даст омадааст.
Ҳамчунин Кикот гуфтааст, ки ҳар сол тақрибан 9 миллион шаҳрванди хориҷӣ бо ҳадафҳои гуногун ба Русия рафта, дар як вақт аз 6 то 6,5 миллион хориҷӣ дар ин кишвар ҳузур доранд, ки тақрибан 3 миллиони онҳо муҳоҷирони корӣ ҳастанд ва ҳиссаи муҳоҷирати қонунии корӣ аз 45 ба 50 дарсад расидааст.
Аммо бо вуҷуди афзоиши даромад аз бахши муҳоҷират, мақомоти Русия то рафт маҳдудиятҳои бештареро барои муҳоҷирон ҷорӣ мекунад.
Аз ҷумла, Кикот хабар додааст, ки аз 1-уми январи соли 2027 муҳоҷирони корӣ барои ҳар узви корнакунандаи хонаводаашон, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, андоз хоҳанд пардохт. Ӯ ин иқдомро бахше аз сиёсати коҳиш додани ҳузури аъзои корнакунандаи хонаводаҳои муҳоҷирон номидааст.
Ба иддаои Кикот, сахттар шудани шартҳои қабули кӯдакони хориҷӣ ба мактабҳо, аз ҷумла имтиҳони забони русӣ, шумораи чунин аъзои хонаводаҳоро нисбат ба нишондиҳандаи 1,7 миллион нафар 20 дарсад кам кардааст.
Мақомоти Русия ҳамзамон тарҳи нави ҷалби коргарони хориҷиро омода мекунад, ки бар асоси он, корфармо ба хадамоти муҳоҷират дархост медиҳад ва оператори махсус коргаронро интихоб карда, ба Русия меорад ва ҳуҷҷатҳояшонро барои кор омода мекунад.
Дар сурати қабули лоиҳа, ширкатҳои бузург ва миёна вазифадор мешаванд, ки ин коргаронро бо манзили махсус ва нақлиёт барои рафтуомад ба ҷойи кор таъмин кунанд. Пас аз анҷоми шартномаи меҳнатӣ муҳоҷирон тавассути ҳамин низом ба ватанҳояшон баргардонда мешаванд.
Аз ин лоиҳа, ки ҳоло дар ҳукумат дар марҳилаи мувофиқа қарор дорад, Путин ҷонибдорӣ карда, ҳамчунин хостааст, ки масъалаи омода кардани муҳоҷирон ба кору зиндагӣ дар Русия, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ пеш аз сафар баррасӣ шавад.
