Таъзияи Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Непал

Президенти Тоҷикистон бо ирсоли барқияе ба Президенти Непал ва мардуми он кишвар изҳори ҳамдардӣ кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, 15-уми январи соли 2023 як ҳавопаймои ҳомили 72 сарнишин, аз ҷумла мусофирон ва ҳайати ҳавонавардону хадамаи он ҳама бар асари садама ва суқити ҳавопаймо ҷони худро аз даст доданд.

Сарвази Непал, ки баъдтар дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт, ба расонаҳо гуфта, ки дар торихири ҳавонавардӣ ин яке аз маргбортарин садамаҳои ҳавопаймоӣ аст ва ба хотири муайян кардани омилҳои ин ҳодиса комиссияи махсус таъсис дода шуда, ин парвандаро таҳқиқ мекунад.

Ин ҳодиса хеле аз сарони давлат ва миллатҳоро ғамгин кард ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон низ бо ирсоли як барқияи ибрози ҳамдарӣ ба ҳамтои неполиаш хонум Бидхя Деви Бхандари гуфт:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Хабари талафоти зиёди ҷонӣ бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Непал боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба пайомадҳои вазнини ин фоҷеаи фалокатбор ба Шумо ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии ин ҷонибро иброз менамоям».

Гуфта мешавад, ин ҳавопаймои мусофирбарӣ аз ширкати ҳавопаймоии “Yeti Airlines” буд ва ҳангоми фурӯд дар наздикии фурӯдгоҳи Покхара, яке аз минтақаҳои сайёҳӣ дар Непал ба замин суқут кардааст. Дар байни 72 нафари қурбониёни ин ҳодиса 15 каси онҳоро атбои хориҷӣ ташкил медиҳад. Ва то замони таҳияи ин матлаб ҷасади 68 нафари онҳоро пайдо кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.