Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ кард.

22-уми октябри соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Фейзо Нуманай мулоқот кард. Ба иттилои вазорат, ҷонибҳо вазъи ҳамкорӣ ва иҷрои мувофиқаҳои қаблиро баррасӣ карданд. Дар хабар гуфта нашудааст, ки масъалаҳои ҳуқуқи башар ва озодии расонаҳо низ матраҳ шуданд ё на.

Ин мулоқот як ҳафта пас аз анҷоми Конфронси Варшава оид ба санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон, ки аз 5-ум то 15-уми октябри соли ҷорӣ баргузор гашт, доир шуд. Azda TV рӯзи оғози ин нишаст хабар дода буд, ки ҷойи ҳайати расмии Тоҷикистон холӣ аст ва мақомот сабаби набудани худро шарҳ надодаанд.

Сабаби иштирок накардани мақомоти расмии Тоҷикистон дар нишастҳои САҲА ба иштироки мухолифони тоҷик дар ин минбар марбут дониста мешавад. Соли 2016 ҳайати ҳукумат ба нишони эътироз ба ҳузури намояндагони ҲНИТ ва дигар мухолифон, ки мақомоти Тоҷикистон онҳоро таҳти ҷустуҷӯ қарор дода буданд, нишастро тарк кард.

Ҳоло маълум нест, намояндаи САҲА масъалаи иштирок накардани намояндагони тоҷикро дар ин нишаст ба миён гузоштааст ё на. Вале, гуфта мешавад, Дафтари барномаҳои САҲА бо мақомоти Тоҷикистон ба ҷуз масоили ҳуқуқӣ ва назорати демократия дар бахшҳои амнияти марзӣ, ислоҳоти пулис, рушди иқтисодӣ низ фаъолият мекунад.

Ба назари таҳлилгарон, Душанбе бо вуҷуди иштирок накардан дар нишастҳои САҲА ва посух нагуфтан ба поймол шудани масоили ҳуқуқи башарӣ, аз тариқи лоиҳаҳои омӯзиш, таъмини таҷҳизот, ҳамкории амниятӣ ва дигар лоиҳаҳо аз барномаҳои САҲА истифода мебарад. Эроди мунтақидон ҳам ин аст, ки САҲА бо ҳамкорӣ дар дигар самтҳо набояд уҳдадориҳои ҳуқуқи башарро ба ҳошия барад. Зеро масъалаи ҳуқуқи башар ва озодии расонаҳо ҷузъи вазифаҳои расмии Дафтари САҲА дар Душанбе мебошанд.

Ҳамасола дар аввали моҳи октябр нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон баргузор мешавад. Дар нишастҳои САҲА масъалаҳои ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихоботи озод ва ғайра баҳсу баррасӣ мешаванд.

Чанд сол аст намояндагони расмии Тоҷикистон ба хотири ҳузури фаъоли мухолифонаш дар ин нишастҳо иштирок намекунанд. Таҳлилгарон иштирок накардани мақомоти тоҷикро гурез аз посух додан ба суолҳои ҷиддии рӯбарӯ медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.

Украина мегӯяд: 20 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ барои Русия меҷанганд

Украина беш аз 20 ҳазор ҷангҷӯи ҷалбшуда ба артиши Русия аз кишварҳои Осиёи Марказиро сабт кардааст. Мақомоти Осиёи Марказӣ бошанд, мавқеи ягона надоранд.