14.9 C
Dushanbe

“Адвокати ҳукумат” ба дидани рӯзноманигорони зиндонӣ меравад

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон қасд дорад бо рӯзноманигорони зиндонӣ дар маҳбас мулоқот кунад.

Ҳусниддин Нидоев корманди Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имрӯз, 2- юми феврал зимни нишасти матбуотӣ эътироф кард, ки бо вуҷуди сару садоҳо Омбудсмен то ин дам бо хабарнигорону блогерони зиндонӣ дар боздоштгоҳу маҳбас мулоқот надоштааст.

Аммо ба гуфтаи Нидоев аллакай бо масъулони идораи зиндонҳо машварат шудааст ва қарор аст дар моҳи феврали соли ҷорӣ бояд рӯзноманигорони зиндониро аз наздик бубинанд.

Дар ҳамин ҳол, Муқим Ашӯров, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки дар бораи шиканҷа шудани рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз расонаҳо огоҳ шудааст, аммо касе аз наздикони рӯзноманигор ба онҳо муроҷиат накардаанд.

Рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи октябри соли гузашта бо ирсоли як нома аз зиндон навишт, ки аз рӯзи аввали боздошт зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми бофтаву сохтаи мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тақрибан дар кишвар ҳеҷ таъсире надошта, дар аксар ҳолат аз манофеъи ҳукумат ҳимоят мекунад. Ва бо рафтан ба дидори рӯзноманигорони зиндонӣ вазъи онҳо беҳтар нахоҳад шуд. Дар гузашта бо вуҷуди хабари шиканҷа ва шароити бади зиндониёни сиёсӣ дар маҳбас, Омбудсмен баъд аз вохӯрӣ бо баъзе аз зиндониён гуфта буд, ки зиндониёни сиёсӣ ҳеҷ мушкилие надоранд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон дар як соли охир Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла ба расондани иттилои дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор намуда, онҳоро барои аз 7 то 20 сол ба зиндон маҳкум карданд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ин рӯзноманигоронро бегуноҳ медонанд ва озодии онҳоро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, аммо мақомоти кишвар ҳамеша ин талаби созмонҳоро нодида мегирад.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баррасии ҳамкориҳои сармоягузории ИА ва Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад.

Зодаи Душане муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон шуд

Дар Бишкек пас аз барканории Қамчибек Тошиев аз мансабаш раванди тағйироти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ идома дорад.

Коҳиши бесобиқаи иштироки тоҷикон дар барномаи “Переселения”-и Русия

Бино ба иттилои мақомоти Русия, таваҷҷуҳи шаҳрвнадони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба барномаи "Переселения" барои оилваӣ кӯчидан ба Русия бесобиқа коҳиш ёфтааст.

Талошҳои БМТ барои дур задани таҳримҳои ИА аз се бонки тиҷоратии кишвар

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо таъсиси гурӯҳи кории махсус талош дорад бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мавриди таҳримҳои ҷоришуда бар зидди бонкҳои Тоҷикистон гуфтушунид кунад.