Қарори нав: ВКД-и Русия даромади муҳоҷиронро месанҷад

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия тартиби нави санҷиши даромади муҳоҷирони кориро таҳия кардааст.

Бино ба навиштаи расонаҳои русӣ, тибқи тартиботи нав, агар мақомоти андоз дар бораи даромади муҳоҷир маълумот пешниҳод накунад ё маблағи даромад аз меъёри муқарраршуда камтар бошад, ВКД метавонад санҷиши алоҳидаро оғоз кунад.

Гуфта мешавад, тарҳи ВКД ҳоло барои баррасии ҷамъиятӣ пешниҳод шудааст ва то 15-уми сентябри соли ҷорӣ нисбат ба он пешниҳодҳо қабул мешаванд.

Бар асоси тарҳи пешниҳодшуда, баъди ворид шудани хабар дар бораи набудани маълумоти даромад ё кам будани он, корманди масъули бахши муҳоҷирати ВКД бояд дар давоми се рӯзи корӣ дар бораи оғози санҷиш қарор қабул кунад.

Дар бораи оғози санҷиш ҳам худи шаҳрванди хориҷӣ ва ҳам корфармо ё фармоишгари ӯ ба таври электронӣ огоҳ карда мешаванд ва муҳоҷир се рӯзи корӣ вақт хоҳад дошт, то маълумот ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромадашро пешниҳод кунад.

Дар ҷараёни санҷиш, ки набояд аз 30 рӯзи корӣ бештар давом кунад, мақомоти муҳоҷират метавонанд аз идораҳои дигари давлатӣ ва ташкилотҳо низ маълумоти иловагӣ талаб кунанд. Пас аз анҷоми санҷиш, ВКД қарор мекунад, ки набудани даромад ё нокифоя будани он тасдиқ мешавад ё на. Ва натиҷа бояд дар давоми як рӯзи корӣ ба муҳоҷир ва корфармои ӯ расонида шавад.

Бояд гуфт, тибқи қонунҳои нав аз 1-уми октябри соли 2026 мақомоти андози Русия маълумоти 3, 6, 9 ва 12-моҳаи даромади шаҳрвандони хориҷиро ба ВКД мефиристанд.

Аммо талаботи асосии нави марбут ба ҳаҷми даромади муҳоҷирони корӣ аз 1-уми январи соли 2027 эътибор пайдо мекунад. Тибқи қонуни нави федералӣ, даромади шаҳрванди хориҷӣ бояд барои таъмини худ ва ҳар кӯдаки ноболиғе, ки дар Русия таҳти сарпарастии ӯ қарор дорад, аз ҳадди муайяншудаи зиндагӣ бо назардошти коэффисиенти минтақавӣ кам набошад.

Агар дар бораи даромади муҳоҷир маълумот вуҷуд надошта бошад ё даромади ӯ ба меъёри талабшуда нарасад, ин метавонад барои надодан ё бекор кардани патент ё иҷозаи кор асос шавад. Қонун ҳамчунин барои баъзе ҳолатҳо, аз ҷумла гирифтани нахустини патент ва ғайра истисноҳо пешбинӣ кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё муҳоҷирон дар Лаҳистон бояд ҳамеша бо худ шиноснома дошта бошанд?

Хориҷиён дар Лаҳистон вазифадор нестанд, ки ҳамеша шиносномаро бо худ гардонанд, аммо ҳангоми санҷиш Хадамоти марзбонӣ ҳақ дорад нусхаи аслии ин санадро талаб кунад.

“Кохи тамаддуни ориёӣ” дар Душанбе: таърихи тоҷикон ё ривояти Э.Раҳмон?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди наве дар робита ба ҳувиятсозии тоҷикон дар сархати расонаҳои давлатӣ қарор гирифт.

Кувайт сафорати худро дар Душанбе боз кард ва Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт

Давлати Кувайт сафорати худро дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ карда, Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба ҳайси нахустин сафири худ дар Тоҷикистон таъин намуд.

Шумори қурбониёни ҷанги Ғазза баъд аз эълони оташбас аз 1300 кас гузашт

Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард, ки дар 24 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои Исроил 7 кас кушта шуда ва 30 захмии дигар ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.