Даргузашти рӯзноманигори шинохта Олег Панфилов

Рӯзноманигор, публисист ва нависандаи шинохта Олег Панфилов дар синни 66-солагӣ дар Гурҷистон даргузашт.

Имрӯз, 10-уми феврали соли 2023 хабари даргузашти Олег Панфилов рӯзноманигори шинохтаи зодаи Тоҷикистонро ҳамсараш хонум Оксана Маслак дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Хонум Оксана дар бораи сабаби вафоти ногаҳонии ин журналисти шинохта то ҳол шарҳе надодааст. Аксари шиносони ӯ мегӯянд, то дирӯз бо онҳо телефонӣ суҳбат мекард, бемор набуд. Вале тақрибан ду ҳафта пеш худаш аз таб доштану бемор буданаш хабар дода будааст, аммо дӯстонаш мегӯянд, баъдтар сиҳат ёфта буд.

Олег Панфилов 7-уми сентябри соли 1957 дар вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд)-и Тоҷикистон ба дунё омада, Донишкадаи давлатии омӯзгории ҳамин Ленинободро хатм кардааст.

Аз соли 1974 ба ҳайси рӯзноманигор дар телевизиони Тоҷикистон кор карда, солҳои 1979-1989 корманди илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Тоҷикистон буд.

Вай дар солҳои 1991-1996 мухбири “Независимая газета” буд. Дар Русия раиси бюрои Маскави Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ва директори Маркази журналистикаи изтирори Иттиҳоди журналистони Русияро бар уҳда дошт. Ӯ ҳамчунин солҳои 1994-2010 ва 2014-2019 бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ кардааст.

Моҳи сентябри соли 2008 шаҳрвандии Гурҷистонро дарёфт карда, аз соли 2009 дар ин кишвар зиндагӣ мекард ва профессори Донишгоҳи давлатии Иляи Гурҷистон буд. То соли 2012 дар Шабакаи аввали Қафқоз, ки бо ташаббуси раисҷумҳури вақти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ таъсис ёфтааст, кор кардааст.

Имсол дар Украина китоби ӯ “Украина и Грузия – почему вместе?” нашр шуд. Вай муаллифи китоби “Антисоветские истории” аст. Яке аз китобҳои шинохтаи ӯ дар бораи рӯзноманигорони тоҷик “Таджикистан: журналисты на гражданской войне, 1992—1997” мебошад.  

Олег Панфилов саҳми бузурге дар ба даст омадани сулҳи тоҷикон дорад. Панфилов муаллиф ва ҳаммуаллифи 54 китоб ва 8 филмнома буда, дорандаи ордени “Шараф”-и Гурҷистон ва чандин ҷоизаҳои дигар низ мебошад.

Гурӯҳи эҷодии Azda tv даргузашти ин журналисти маъруфро ба наздикон ва пайвандону ҳаводоранаш таслият мегӯяд ва даргузашти ӯро як зойиъаи бузург дар байни аҳли илму адаб, аз ҷумла дар риштаи журналистика медонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...

Аз 1-уми сентябр қоидаҳо барои муҳоҷирон дар Русия сахттар мешаванд

Аз 1-уми сентябри соли 2026 дар Русия чанд қонуни наве ба иҷро медароянд, ки назорат аз болои муҳоҷирон сахттар мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон писараш Рустами Эмомалиро бо ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ писараш Рустами Эмомалиро бо ордени дараҷаи якуми Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард.

Камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар то 19 дарсад коҳиш ёфтааст. Муҳоҷират чӣ?

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 дарсад дар солҳои аввали истиқлол то 19 дарсад дар соли 2025 коҳиш ёфтааст.