Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.

Тибқи фармон, мораторий ба тамоми намудҳои санҷишҳо дахл дорад, вале санҷишҳои мақомоти андоз аз он истисно шудаанд. Ба Ҳукумат супориш дода шудааст, ки дар муддати як моҳ барои иҷрои фармон санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва пешниҳод кунад.

Мақомот ҳадафи ин тасмимро дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ арзёбӣ мекунанд.

Дар солҳои охир бисёре аз соҳибкорон аз зиёд будани санҷишҳо ва назорати пайдарпайи мақомоти гуногуни давлатӣ шикоят мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, чунин вазъ барои фаъолияти озоди соҳибкорӣ монеа эҷод карда, дар баъзе ҳолатҳо боиси коҳиши сармоягузорӣ, қатъи фаъолияти ширкатҳо ё кӯчонидани тиҷорат ба кишварҳои дигар шудааст.

Коршиносони иқтисодӣ борҳо таъкид кардаанд, ки рушди бахши хусусӣ яке аз омилҳои муҳими эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши вобастагии иқтисоди кишвар аз дигар манбаъҳои даромад аст. Тоҷикистон ҳамоно аз кишварҳоест, ки иқтисодаш ба маблағҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ ва бахши кишоварзӣ вобастагии назаррас дорад.

Бархе соҳибкорон тасмими навро истиқбол карда, умед доранд, ки мораторий танҳо дар қоғаз намемонад ва дар амал низ пурра риоя мешавад. Ба гуфтаи онҳо, агар фармон иҷро шавад, метавонад ба беҳтар шудани муҳити соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди иқтисод мусоидат кунад.

Бо вуҷуди ин, баъзе соҳибкорон мегӯянд, ки танҳо боздоштани санҷишҳо барои беҳбуди фазои тиҷорат кофӣ нест. Ба гуфтаи онҳо, барои рушди устувори бахши хусусӣ шаффофияти бештар, кафолати ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, коҳиши монеаҳои маъмурӣ ва иҷрои пурраи қонунҳо дар амал низ лозим аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Кишварҳои СПАД ба Тоҷикистон силоҳ мефиристанд

Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) қасд доранд то поёни соли 2026 интиқоли силоҳу техникаи низомиро ба Тоҷикистон оғоз кунанд.

Нишасти Теҳрон: Эрон ва аъзои Паймони Макка ба идомаи музокирот мувофиқат карданд

Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия пас аз нишасти Теҳрон аз идомаи гуфтугӯҳо барои таҳкими сулҳу амнияти минтақа хабар доданд.

Тоҷикистон барои роҳ ва оби Кӯлоб 55,4 миллион евро қарзи нав мегирад

Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд барои таҷдиди роҳи Балҷувон–Сари Хосор ва беҳсозии обрасонии Кӯлоб то 55,4 миллион евро қарзи давлатӣ ҷудо мекунад.