28.9 C
Dushanbe

Заминҳои наздиҳавлигии фурӯшӣ дар ноҳияи Зафаробод

Бархе сокинони ноҳияи Зафаробод мегӯянд, ки баҳори имсол Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як ҳоҷҷатхонаи сарироҳӣ ва дигар масъалаҳо ба ин ноҳия сафар мекунад.

Бино ба иттлои расмӣ, 28-уми феврали соли 2023 дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳо “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафаробод ва номгузорӣ намудани он” муҳокима гардиданд.

Ба гуфтаи Нуъмон Усмонов, раиси ҷамоати деҳоти А.Ҷомии ниҳияи Зафаробод баҳори имсол Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия сафар мекунад ва дар назар аст аз ин ҷамоат, ки ҳоло тибқи қарори Ҳукумат исми онро ба номи Сомониён табдил додаанд, дидан кунад.

Дар ноҳияи Зафаробод барои ниёзмандон ҳудуди 415 ГА замин ҷудо шудааст. Баъд аз сафари қарибулвуқӯи Президенти Тоҷикистон ба ин ноҳия тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ барои хонаводаҳое, ки дар як ҳавлӣ се ва ё 4-5 оила зиндагӣ мекунанд, оғоз мешавад.

Бархе сокинони ин ноҳия дар суҳбат ба Azda tv аз он шикоят карданд, ки дар ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҷомӣ аллайкай пеш аз муайян шудани макони деҳаҳои навбунёд ва тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ фурӯши онҳо оғоз шудааст. Барои мисол, баъзе миёнаравҳо дар ҷамоат барои аз 0,4 то 06 ГА аз 15 то 35 ҳазор сомонӣ талаб мекунанд. Инчунин дар ин ҷамоат як ҳоҷатхонаи сарироҳӣ сохта шудааст. Масъулин мегӯянд, ки то замони омадани Эмомалӣ Раҳмон дари онро барои қазои ҳаҷати сокинон боз намекунанд.

Аммо раиси ин ҷамоат вуҷуд далелҳо барои заминфурӯшӣ дар ин деҳотро инкор карда мегӯяд, масъулин дар ҷамоати деҳоти Абдурраҳмон Ҷомӣ корашон рӯйхат кардани оилаҳои ниёзманд буд ва ин корро иҷро кард, аммо дар хусуси санҷидани фактҳо, муайян кардани вазъияти ҷойгиршавии оилаҳо дар як ҳавлӣ ва  ҷудо кардани заминҳо комиссияи ноҳиявӣ тасмим мегирад, на ҷамоат.

Гуфта мешавад, ноҳияи Зафаробод яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд аст. Маркази ноҳия шаҳраки Зафаробод. Ноҳия 20 декабри 1965 ташкил шудааст. Аз маркази ноҳия то Хуҷанд 106 км мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.