Тасдиқи хабари Аздо тв дар Тоҷикистон

Макони будубоши фаъоли сиёсии тоҷик, Абдуллоҳи Шамсиддин, ки наздик ба ду моҳ пеш аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, маълум гашт.

Имрӯз, 7-уми марти соли 2023 сомонаи Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеи худ дар Аврупо таъйид кард, ки фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Аммо то ҳол ҳеч ниҳоде дар Тоҷикистон расман аз макони боздошти Абдуллоҳро нагуфтаанд.

Пеш аз ин вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дар суҳбатҳои алоҳида ба расонаҳо гуфта буданд, ки дар бораи дар куҷо будани Абдуллоҳи Шамсиддин иттилоъ надоранд.

Ин дар ҳолест, ки 27-уми феврали соли ҷорӣ Azda tv дар истинод ба пайвандони Абдуллоҳи Шамсиддин хабар дода буд, ки “ин фаъоли сиёсӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва аз тарси Саймумин Ятимов ҳеч касе аз мақомоти қудратӣ ҷуръат намекунад, ки дар ин бораи чизе бигӯяд.

Гуфта мешавад, мақомоти олмонӣ фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро 18-уми январи соли ҷорӣ тариқи Туркия ба Тоҷикистон ихроҷ карда буданд. Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ин фаъоли сиёсиро аз дохили ҳавопаймо боздошт карда, ба худ бурда буданд ва то кунун ҳеч ниҳоде дар Тоҷикистон расман дар бораи ин боздошт ба расонаҳо иттилоъ надодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.