37.9 C
Dushanbe

Таҳвили 13 МиГ-29 ба Украина

Ҳукумати кишвари Словакия дар бораи таҳвили 13 МиГ-29 ба нерӯҳои низомии Украина ба тавофуқ расидааст.

Нахуствазири Словакия дар сафҳаи твиттриаш эълон кардааст, ки ҳукумати ин кишвар қарор дар барои таҳвил додани 13 адад ҷангандаҳои МИГ-29 ба Украинаро таъйид кардааст.

Эдуард Хегер, нахуствазир Словакия таъкид мекунад, ки ваъдаҳо бояд иҷро шаванд. “Вақте Владимир Зеленский, Президенти Украина барои размандагони кишвараш силоҳ пурсид, гуфтам, ҳар чӣ аз дастамон биояд, анҷом медиҳем. Хушҳолам, ки дигарон низ ҳамин тавр мекунанд.”

Нахуствазири Словакая меафзояд, ки кумакҳои низомӣ метавонанд калиде барои (афзоиши) қобилияти муҳофизат кардан аз худ ва тамоми Аврупо дар барои Русия бошанд.

Пеш аз ин Андже Дуда, Президенти Лаҳистон ҳам эълон карда буд, ки 4 адад ҷангандаи МиГ-29 ба Украина ирсол хоҳад кард. Нахуствазири ин кишвар Матеуш Мароветский ҳам гуфтааст, ки таҳвили ин ҷангандаҳо дар давоми 4-6 ҳафтаи оянда сурат мегирад.

Гуфта мешавад, аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина, ки 24-уми феврали соли 2022 оғоз шуд, кишварҳои зиёде, аз ҷумла Амрико ва аксар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба Киев кумакҳои низомии зиёде карданд, аммо якбора дар давоми чанд ҳафта таҳвил додани 17-ҷанганда МиГ-29 ба Украинаин бори аввал сурат мегирад.

МиГ-29 яке аз ҷангандаҳои шинохтаи дунё ва сохти собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аст, ки барои аз байн бурдани аҳдофи мухталиф дар ҳаво ва замин сохта шудааст.

Ин ҷангандаи пуриқтидор бори аввал 6-уми октябри соли 1977 мавриди таҷриба қарор гирифт ва сипас ба артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ роҳ ёфт ва то ҳол дар пойгоҳҳои низомии хеле аз кишварҳои собиқ ИҶШ ва дигар кишварҳо ҳифз мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.