Ҷаҳон

Таҳвили 13 МиГ-29 ба Украина

Ҳукумати кишвари Словакия дар бораи таҳвили 13 МиГ-29 ба нерӯҳои низомии Украина ба тавофуқ расидааст.

Нахуствазири Словакия дар сафҳаи твиттриаш эълон кардааст, ки ҳукумати ин кишвар қарор дар барои таҳвил додани 13 адад ҷангандаҳои МИГ-29 ба Украинаро таъйид кардааст.

Эдуард Хегер, нахуствазир Словакия таъкид мекунад, ки ваъдаҳо бояд иҷро шаванд. "Вақте Владимир Зеленский, Президенти Украина барои размандагони кишвараш силоҳ пурсид, гуфтам, ҳар чӣ аз дастамон биояд, анҷом медиҳем. Хушҳолам, ки дигарон низ ҳамин тавр мекунанд."

Нахуствазири Словакая меафзояд, ки кумакҳои низомӣ метавонанд калиде барои (афзоиши) қобилияти муҳофизат кардан аз худ ва тамоми Аврупо дар барои Русия бошанд.

Пеш аз ин Андже Дуда, Президенти Лаҳистон ҳам эълон карда буд, ки 4 адад ҷангандаи МиГ-29 ба Украина ирсол хоҳад кард. Нахуствазири ин кишвар Матеуш Мароветский ҳам гуфтааст, ки таҳвили ин ҷангандаҳо дар давоми 4-6 ҳафтаи оянда сурат мегирад.

Гуфта мешавад, аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина, ки 24-уми феврали соли 2022 оғоз шуд, кишварҳои зиёде, аз ҷумла Амрико ва аксар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба Киев кумакҳои низомии зиёде карданд, аммо якбора дар давоми чанд ҳафта таҳвил додани 17-ҷанганда МиГ-29 ба Украинаин бори аввал сурат мегирад.

МиГ-29 яке аз ҷангандаҳои шинохтаи дунё ва сохти собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аст, ки барои аз байн бурдани аҳдофи мухталиф дар ҳаво ва замин сохта шудааст.

Ин ҷангандаи пуриқтидор бори аввал 6-уми октябри соли 1977 мавриди таҷриба қарор гирифт ва сипас ба артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ роҳ ёфт ва то ҳол дар пойгоҳҳои низомии хеле аз кишварҳои собиқ ИҶШ ва дигар кишварҳо ҳифз мешавад.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Ҷаҳон

Россия

Белорус гуфт, маҷбур аст силоҳи ҳастаии Русияро дар хокаш роҳ диҳад

Тоҷикистон

ИНТЕРПОЛ дар Душанбе ҷаласа мегузаронад

#ДИИШ

Кушта шудани як тоҷикистонӣ дар Афғонистон

Дин

Ифтор дар варзишгоҳи Челси