Табрикоти рамазонӣ

Рӯзи 23-уми марти соли 2023 аввали моҳи Рамазон фаро мерасад ва тақрибан дар тамоми дунё мусалмонон фардо рӯза мегиранд.

Фаро расидани моҳи Рамазонро мусалмонон бесаброна интизор мешаванд. Ва чун фаро бирасад бо рӯза гирифтан ва тиловату Қуръону додани садақот худро ба Худо наздик мекунанд.

Аз ин фурсат истифода бурда, ҳайати эҷодии Azda tv фарорасии моҳи шарифи Рамазонро, ки бо иди Наврӯз, зиндашавии табиат рост омадааст, мусалмонони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳонро муборакбод мегӯяд!

Рамазон дар баробари ин ки моҳи нузули Қуръон, моҳи тиловату ибодат ва моҳи хайру эҳсону қабули дуоҳост, инчунин моҳи худсозӣ, моҳи ислоҳсозии ҷомеа ва зудудани фасоду зулму истибдод, моҳи таҷдид ва таҳкими робитаҳо бо Худо ва мардум аст. Аз ин рӯ, барои ҳама ҳамвандони азизамон тавфиқи бандагӣ, қабули тоот ва бедории ҳақиқиро аз даргоҳи Худованди Маннон орзумандем.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Авфи рӯзноманигорони зиндонӣ: киҳо озод мешаванд?

Қонун "Дар бораи авф" барои бархе аз рӯзноманигорон умеди озодии наздикро ба вуҷуд овардааст, аммо сарнавишти гурӯҳи дигар ҳамоно норӯшан боқӣ мондааст.

Ҷангҷӯи тоҷик дар Украина: “Ин хатои маро такрор накунед”

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷанги Русия бар зидди Украина иштирок дошт, худро ба сарбозони Украина таслим кард.

Модари блогер Абдурраҳмон-09 аз зиндон озод шуд

Шоҳида Маҳмадҷонова, пизишки собиқ ва модари блогери тоҷик Абдурраҳмон-09, аз зиндон озод шудааст.

Олмон боз як паноҳчӯи дигари тоҷикро ихроч кард

Мақомоти Олмон боз як паноҳҷӯи 54-солаи тоҷикро ҳамроҳи писараш ба Тоҷикистон ихроҷ кард.