Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия, ки рӯзи 6-уми ноябр нашр шуд, санҷишҳо дар доираи амалиёти “Нелегал–2026” даҳ рӯз идома кардаанд. Пулис сохтмонҳо, корхонаҳо ва иншооти кишоварзиро тафтиш карда, 171 хориҷиро ба идораҳои худ бурдааст. Ҳафт нафар дар маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир шудаанд.

Мақомот мегӯянд, 127 протокол барои вайрон кардани қоидаҳои будубош, 24 мавод барои кори ғайриқонунӣ ва 12 мавод барои пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ҳангоми сабти муҳоҷиратӣ тартиб додаанд. Ҳафт мавриди дигар ба саркашӣ аз иҷрои ҷазои таъйиншуда рабт доштааст.

Ҳамчунин, нисбат ба як ташкилот ва се нафар барои ғайриқонунӣ ба кор ҷалб кардани хориҷиён парвандаҳои маъмурӣ боз шудааст. Ду нафари дигар ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва сабти сохтаи шаҳрванди хориҷӣ гумонбар мешаванд.

Дар хабар мавқеи муҳоҷирон ва вакилони онҳо оварда нашудааст. Ҷузъиёти қарорҳои ихроҷ ва шароити дастрасии ин афрод ба кумаки ҳуқуқӣ низ маълум нест. Ва ҳамчунин дар хабар гуфта нашудааст, ки чанд нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Рейдҳои муҳоҷиратӣ дар Русия дар пасманзари афзоиши фишор ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ идома доранд. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар — Human Rights Watch дар гузориши моҳи марти соли 2025 аз санҷишҳо бар асоси зоҳиру мансубияти қавмӣ, боздоштҳои худсарона ва хушунат нисбат ба муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, хабар дода буд. Ин созмон аз мақомоти Русия хостааст, ҳуқуқи муҳоҷиронро ҳифз ва пеши роҳи бегонаситезиро бигиранд. Аммо, баракси ин дархостҳо, мақомоти Русия қонунҳои зиёдеро қабул мекунанд, зиндагӣ ва кор дар ин кишварро барои муҳоҷирон хеле сахт кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба хариди силоҳ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.