16.9 C
Dushanbe

Таҳдиди Русия алайҳи Олмон

Русия эълон кардааст, ки агар Олмон тасмими боздошт ва ба Додгоҳи Лоҳа (ГААГА) супоридани Владимир Путинро бигирад, мавриди ҳадаф қарор хоҳад гирифт.

Бино ба иттилои расонаҳо, муовини Дабири кулли Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев ба расонаҳо гуфтааст, ки агар кишвари Олмон тасмим бигирад, ки Президенти Русияро боздошт карда ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ (Лоҳа) супорад, Берлин мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт.

Ба қавли расонаҳо, Дмитрий Медведев ҳушдор додааст: “Биёед тасаввур кунем, ки раҳбари феълии давлати ҳастаӣ ба қаламрави Олмон омадааст, масалан, ӯро дар он ҷо дастгир кардаанд. Ин чӣ маъно дорад? Эълони ҷанг бар зидди Русия! Боварӣ дорам, ки агар чунин ҳодиса рӯй диҳад, бо ҳама тавоноиҳо алайҳи идораи канслер, Бундестаг ва ғайра ҳамла хоҳем кард.”

Вай афзуд, ки чунин вазъ дар амал хеле кам иттифоқ меуфтад. Медведев таъкид карда, ки ин қарори Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дар заминаи муносибатҳои Маскав ва кишварҳои ғарбӣ, ки ҳоло хеле бад шудаанд, иқтидори манфӣ эҷод мекунад.

Пеш аз ин муовини Дабири кулли Шӯрои амнияти Русия хитоб ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ҳам чунин таҳдидҳоеро иброз дошта, гуфта буд, ин имкон вуҷуд дорад, ки тавассути мӯшакҳои фаросавтӣ аз дохили киштиҳо мавриди ҳамла қарор бигирад.

Гуфта мешавад, қаблан Вазири адлияи Олмон Марко Бушман гуфта буд, агар Путин ба қаламрави Олмон биёяд, мақомоти ин кишвар ӯро боздошт хоҳанд кард. Бушман таъкид карда буд, ки дар чунин ҳолат Берлин маҷбур мешавад ба қарори Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ итоат кунад.

Додгоҳи Байланмилалии Ҷиноӣ раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ба иттиҳоми ҷароими ҷангӣ дар ҳамла Украина ва интиқоли кӯдакони ин кишвар ба қаламрави Русия посухгӯ хонда, ҳукми боздошти ӯро содир кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.