9.9 C
Dushanbe

Мухолифон: Мо сафари Раҳмон ба Олмонро лағв кардем

Гурӯҳе аз мухолифини тоҷик, ки имрӯз, 25-уми марти соли ҷорӣ дар назди парлумони Олмон дар робита ба сафари Эмомалӣ Раҳмон тазоҳурот карданд, мегӯянд, тазоҳуроти онҳо сабаб шуд, ки Раҳмон сафараш ба Олмонро лағв кунад.

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо намояндаи КШНГЗСТ дар мавриди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аврупоӣ гуфт: “То ҷое дарак дорем, сафараш ба Олмон лағв шуд. Иншоаллоҳ сафараш ба Инглистонро ҳам лағв хоҳем кард.”

Дар ҳамин ҳол гурӯҳе аз мухолифин дар кишвари Лаҳистон дар назди сафорати Ҳолланд ва Бритониёи Кабир низ эътироз карда, дар даст аксҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳи Путин бардошта, эътирози худро ба сафари ӯ ба Аврупо нишон доданд.

Ҷамъомадагони гирдиҳамоиҳои имрӯза дар Олмон мегӯядн, ҳадаф аз иштирок дар ин гирдиҳамоиҳо ба кишварҳои аврупоӣ ва хусусан ба мақомоти Олмон расондани ин сухан аст, ки минбаъд муносибатҳои худро бо диктаторон, аз ҷумла бо Эмомалӣ Раҳмон бознигарӣ кунад.

Мухолифини тоҷик мегӯянд, ҳадафи дигаре, ки мардумро дар ин гирдиҳамоӣ ҷамъ кард, ки ин аст, нахостанд Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои озод биёяд ва аз ин сафар барои худ як таблиғоте кунаду дар телевизионҳои Тоҷикистон намоиш диҳад, ки “ман дар Тоҷикистон мардумро саркӯб мекунам ва шумо, ки дар ин кишварҳо паноҳанда ҳастед, мақомоти онҳо аз ман истиқбол мекунанд”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.