Дар роҳ ба сӯи Эрон 17 нафар аз ташнагӣ ҷон бохтанд

Дар биёбонҳои наздики марзи Эрону Афғонистон боз як фоҷиаи муҳоҷират рух дод. Дастикам 17 муҳоҷири афғон, аз ҷумла занону кӯдакон, ҳангоми талоши расидан ба Эрон бар асари ташнагӣ ҷон бохтанд.

Ба гузориши расонаҳо ҳодиса рӯзи 10-уми сентябр дар минтақаи Мак-Сӯхта, дар ноҳияи Саравони вилояти Систону Балучистони Эрон, дар масири ғайриқонунии убури марз рух додааст. Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон “Ҳолвош” хабар додааст, ки муҳоҷирон дар миёни роҳи биёбон бо норасоии шадиди об рӯ ба рӯ шудаанд.

Дар байни қурбониён як хонавода аз вилояти Бағлони Афғонистон низ будааст. Тибқи гузоришҳо, як модари 45-сола ҳамроҳ бо чаҳор духтараш, ки аз 14 то 22 сол доштаанд, ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар миёни фавтидагон чанд кӯдаки зери 14-сола низ будааст.

Бар асоси иттилои манбаъҳо, баъзе аз муҳоҷирон бо умеди расидан ба Эрон аз роҳҳои биёбонӣ истифода кардаанд. Шоҳидон гуфтаанд, ки гурӯҳ дар роҳ оби кофӣ надоштааст ва бархе аз қурбониён дар наздикии ҳамдигар аз беобӣ ҷон додаанд. Ҷузъиёти пурраи ҳодиса то ҳол аз ҷониби мақомоти расмӣ ба таври комил тасдиқ нашудааст.

Ин аввалин фоҷиаи маргбор дар масири муҳоҷирати афғонҳо нест. Танҳо чанде пеш низ чандин муҳоҷири афғон ҳангоми убури биёбонҳо ба самти Эрон бедарак шуда, баъдан ҷасади баъзе аз онҳо пайдо шуда буд. Дар моҳи июли соли гузашта низ гузоришҳо дар бораи ҳалокати гурӯҳе аз афғонҳо дар минтақаҳои биёбонии ғарбии Афғонистон, ҳангоми талоши расидан ба Эрон, нашр шуда буданд.

Аммо роҳи хатарноки муҳоҷирони афғон танҳо бо биёбонҳо маҳдуд намешавад. Солҳои охир бисёре аз онҳо ҳангоми талоши расидан ба Туркия ва Аврупо аз роҳҳои кӯҳӣ, ҷангалҳо ва минтақаҳои сарди зимистонӣ низ ҷони худро аз даст додаанд. Муҳоҷирон дар марзҳои гуногун бо хатари сармои шадид, гум кардани роҳ, садамаҳо ва баъзан тирандозии марзбонон рӯ ба рӯ мешаванд.

Мутахассисон мегӯянд, пушти аксари ин сафарҳои хатарнок мушкилоти амиқи иҷтимоӣ қарор дорад. Солҳои тӯлонии ҷанг, ноамнӣ, бекорӣ ва фақр дар Афғонистон ҳазорон нафарро маҷбур мекунад, ки барои пайдо кардани кору зиндагии беҳтар ба роҳҳои пурмоҷаро рӯ оваранд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, барои бисёре аз ин одамон муҳоҷират интихобе аз рӯи хоҳиш нест, балки кӯшиши ёфтани роҳи наҷот аз шароити вазнини зиндагӣ мебошад. Аммо вобастагӣ ба қочоқбарон ва гузаштан аз роҳҳои хатарнок метавонад орзуи расидан ба зиндагии беҳтарро ба фоҷиа табдил диҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.

Аз танишҳои лафзӣ байни Русия ва Лаҳистон то ҳушдори амниятӣ

Пас аз изҳори назари вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский дар бораи ҷанги Русия ва Украина таҳдидҳои лафзӣ байни Маскав ва Варшава шиддат гирифтааст.

Дар Русия мехоҳанд шумори кӯдакони хориҷиро дар мактабу кӯдакистонҳо маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шумори кӯдакони хориҷӣ дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва коллеҷҳо аз 25 дарсади хонандагон зиёд набошад.

Тоҷикистон ва БАТР барои сармоягузорӣ то соли 2030 харитаи роҳ таҳия мекунанд

Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои ҳамкории сармоягузорӣ дар солҳои 2026–2030 ёддошти тафоҳум имзо карданд.