Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.
Маросими тақдими камарбанди сиёҳ ва дани фахрии 9-уми таэквондо рӯзи 17-уми сентябр дар Сеул баргузор шуда, ба Раҳмон ҳунарнамоии варзишгаронро нишон дода, сипас ба ӯ либоси махсус пӯшониданд. Ин дараҷа фахрӣ буда, дар гузориши маросим аз супоридани имтиҳон ё дастоварди варзишии ӯ барои гирифтани ин дараҷа чизе гуфта нашудааст.
Ҳамон рӯз Донишгоҳи Корея низ ба Эмомалӣ Рунвони доктори фахриро дод. Ӯ дар суханрониаш дар назди донишҷӯён аз рушди маорифи Тоҷикистон ҳарф зада, гуфт, дар 35 соли истиқлол шумори донишгоҳҳо аз 13 ба 51 ва донишҷӯён аз 70 ҳазор ба 230 ҳазор расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар дар қариб 50 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд. Аммо бояд гуфт, афзоиши шумори муассисаҳо ва донишҷӯён худ ба худ нишондиҳандаи беҳтар шудани сифати таҳсил нест.
Раҳмон ҳамчунин хостори афзоиши бурсияҳои Корея барои ҷавонони тоҷик шуда, гуфт беш аз 350 шаҳрванди Тоҷикистон дар Корея таҳсил мекунанд ва ҳоло дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон марказҳои омӯзиши забони кореягӣ фаъоланд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи ин сафар саҳифаи фейсбукии “Паёми Душанбе” акси навиштаҷоти Эмомалӣ Раҳмонро аз Корея бо ибораи “Дастхати муқаддаси Пешвои миллат” нашр кард, ки ба гуфтаи таҳлилгарон ин унвонгузорӣ навиштаҷоти як мансабдори давлатиро ба мартабаи “муқаддас” мебардорад намунае аз шахспарастӣ дар муаррифии Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми сентябр барои иштирок дар нахустин нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея” ба Сеул рафт.
Бино ба гузоришҳои расмии сафар, рӯзи 16-уми сентябр Раҳмон бо президенти Корея Ли Ҷе Мён мулоқот карда, масъалаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, технология, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуда, ӯ президенти Кореяро ба Тоҷикистон даъват кардааст.
Дар музокирот ифтитоҳи намояндагии Агентии рушди савдо ва сармоягузории Корея — KOTRA, ҷалби маблағ аз Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ — EDCF ва иштироки ширкатҳои кореягӣ дар лоиҳаҳои Тоҷикистон матраҳ шуда, ташкили парвозҳои мустақим, зиёд кардани бурсияҳо ва дастгирии молиявии сохтмони бинои асосии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ низ аз мавзуъҳои суҳбат будааст.
Эмомалӣ бо Сарвазири ин кишвар хонум Ҳан Сон Сук низ мулоқот карда, бо ӯ масъалаи сода кардани раванди муҳоҷирати корӣ ва таъсиси гурӯҳи муштараки саноатӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ кардааст, аммо бо вуҷуди аҳаммияти ин масъала барои шаҳрвандони Тоҷикистон, дар гузоришҳои расмӣ аз квотаҳои нави корӣ, муҳлати оғози сабукиҳо ё тартиби истифодаи онҳо маълумоте нест.
Ҳамчунин ӯ бо раиси Маҷлиси миллии Корея Чо Ҷон Сик низ мулоқот карда, ҷонибҳо аз густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва дастгирии соҳибкорон гуфтаанд.
Дар натиҷаи музокироти Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ 15 санади ҳамкорӣ имзо шуд, ки онҳо бахшҳои гумрук, моликияти зеҳнӣ, маориф, мубориза бо коррупсия, пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм, саноат, нақлиёту роҳи оҳан, ҷангалу иқлим, содирот, бехатарии меҳнат, энергетика, хизмати давлатӣ ва ҳамкории мақомоти корҳои дохилиро фаро мегиранд. Аксари ин санадҳо ёддошти тафоҳум буда, имзои онҳо ҳанӯз ба маънои иҷрои лоиҳаҳо ё ворид шудани сармоя нест.
Инчунин дар доираи сафараш Раҳмон дар нахустин нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея” ва ҳамоиши соҳибкорон низ ширкат кардааст, ки дар анҷоми он “Эъломияи Сеул” ва санадҳои ҳамкорӣ дар саноат, занҷираҳои таъминот, зеҳни сунъӣ, илм ва технология қабул ва имзо шуданд.
Ӯ ба соҳибкорони кореягӣ аз имкониятҳои энергетика, маъдан, кишоварзӣ, нассоҷӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва молияи Тоҷикистон гуфтааст. Ба иддаои Раҳмон, рушди миёнаи солонаи иқтисод дар 20 соли охир 7,8 дарсад буда, соли гузашта беш аз 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи дохилӣ ҷалб шудааст. Ӯ инчунин аз татбиқи зиёда аз 100 лоиҳаи давлатӣ ба маблағи беш аз 7 миллиард доллар ва аз мавҷудияти беш аз 240 кафолату имтиёз барои сармоягузорон хабар додааст.
Раҳмон иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистонро солона 527 миллиард киловатт-соат номида, гуфтааст, ки танҳо шаш дарсади он истифода мешавад. Ӯ ҳамчунин беш аз 800 кон ва 70 навъи кандании фоиданокро ҳамчун имконияти сармоягузорӣ муаррифӣ кардааст.
Бояд гуфт, дастовардҳои равшани Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ин ба даст овардани камарбанди сиёҳ ва унвони доктори фахрӣ мебошад, аммо натиҷаҳои амалии ваъдаҳои иқтисодӣ, муҳоҷиратӣ ва таълимии ин сафар барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз рӯшан набуда, ҳаҷми сармояи наве, ки маҳз дар ин сафар ҷалб шудааст ва муҳлати иҷрои аксари пешниҳодҳо мушаххас нестанд.
