9.9 C
Dushanbe

Боздошти чор ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми куштор

Чор ҷавони зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як сокини шаҳри Челябински Русия боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. 

Рӯзи 11-уми апрели соли 2023 мурофиаи аввали додгоҳии ҷавонони тоҷик, ки дар куштори як навраси 17-солаи рус гумонбар мебошанд, дар додгоҳи ноҳияи Сентралнийи шаҳри Челябински Русия баргузор гардид. 

Додрас донишҷӯи 20-солаи коллеҷи минтақавии Урал Шаҳрон Миров, бародарон Зоҳир ва Тоҳир Ҷалиловҳо ва Наҷмиддин Имомовро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. 

Шаҳрон Миров гуноҳро қисман қабул карда, бародарон Ҷалиловҳо ва гумонбари дигар Имомов худро бегуноҳ мешуморанд ва аз додрас дар рафти мурофиа хостаанд, ки нисбати онҳо ҷазои сабуктар, яъне ҳабси хонагӣ татбиқ шавад. 

Гуфта мешавад, бародарон Ҷалиловҳо ҳарду донишҷӯи коллеҷи минтақавии Урал дар риштаи “маъмурияти ҳифзи ҳуқуқ” мебошанд.

Наҷмиддин Имомов 33-сол дошта, соҳиби се фарзанд аст. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ҳарчор гумонбар бо ҳам пайвандии хешу таборӣ низ доштаанд. 

Ёдовар мешавем, ки шаби 9-уми апрел дар назди яке аз маркази бозиҳои компютерӣ дар Челябинск миёни ҷавонони тоҷик ва рус занозанӣ сар зад, ки дар натиҷа як навраси 17-cолаи рус кушта шуд. 

Пас аз ин ҳодиса чор иштирокчии заноназиро дастгир кардаанд, ки ҳамаи он боздоштшудаҳо зодагони Тоҷикистон мебошад.

Бино ба иттилои ВКД Русия ҳамаи иштирокчиёни занозанӣ аъзои як “гурӯҳи бозӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ буда, сабаби сар задани муноқиша “суханҳои таҳқиромез дар чати умумӣ” будааст. 

Тибқи тафтишот, шумораи гумонбарон беш аз чор нафар буда, гумонбари асосӣ ҷавони 20-солаи тоҷик Шаҳрон Миров мебошад, ки гуфта мешавад, ва маҳз ӯ бо зарби корд навраси русро ба ҳалокат расондааст. 

Дар робита ба куштори навраси рус мақомоти тафтишотии Челябинск бар асоси моддаи 105, қисми 2, банди “ж”-и Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин банди қонун ҷазо аз 8 то 20 соли зиндон, ё ҳабси умрбодро пешбинӣ мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Рейд”-и муҳоҷирон дар шаҳру ноҳияҳои Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград барои тафтиши муҳоҷирон "рейд" гузаронданд.

Русия Толибонро аз “феҳристи сиёҳ” берун мекунад?

Думаи давлатии Русия Лоиҳаи берун кардани Ҳаракати Толибонро аз "феҳристи сиёҳ" ва ё рӯйхати "гурӯҳҳои террористӣ" баррасӣ мекунад.

Тоҷикистон хоҳони тавсеаи ҳамкориҳо бо Русия шуд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ҳамтои русаш хостааст, ки ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиётро тавсеа диҳанд.

Мулоқоти Ятимов ва Тошиев. Ин бор кадом мушкилӣ ҳал шуд?

Раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев бо ҳам мулоқот карданд.