Охири ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон Иди Рамазон таҷлил мешавад

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 12-уми апрел хабар дод, ки ба эҳтимоли зиёд рӯзи ҷумъа, 21-уми апрели соли ҷорӣ Иди Рамазон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин бора маҷаллаи “Дин ва ҷомеа“-и тобеи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон имрӯз дар саҳифаи фейсбукияш аз номи Шӯрои уламои Маркази исломӣ хабар дод.

“Аввали ҳафтаи оянда ҷаласаи навбатии Шурои уламо ҷиҳати муайян намудани рӯзи Иди Рамазон баргузор мегардад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ рамазони имсола 29 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, ба эҳтимоли зиёд рӯзи ҷумъа, 21 апрел Иди Рамазон таҷлил мешавад.“, омадааст дар хабар.

Аммо сомонаи худи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ин бора чизе нашр накардааст.

Моҳи Рамазон имсол дар тамоми кишварҳои дунё рӯзи 23-уми март оғоз шуда буд. Тибқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ, чун моҳи шаъбон 30 рӯзи комил омад, моҳи Рамазон бояд 29 рӯз бошад. Аз ин ҳисоб ба эҳтимоли хеле қавӣ рӯзи панҷшанбе, 20-уми апрели соли равон поёни моҳи Рамазон буда, рӯзи ҷумъа, 21-уми апрел дар аксар кишварҳои дунё ин ид ҷашн гирифта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.

Русия иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кард

Дар пасманзари сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират дар Русия, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кардааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми октябр бо ҳадафи иштирок дар нишасте бо сарони кишварҳои ОМ ба Туркманистон сафар кард.

Ҳушдори марзбони тоҷик ба Толибон: “Аз сарҳади Тоҷикистон хориҷ шавед!”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он гуфтугӯи пуртаниши миёни марзбонони Тоҷикистон ва намояндагони Толибон дида мешавад.