Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми октябр ба Туркманистон сафар кард. Ҳадаф аз ин сафар иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҳаштумин Машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон гуфта мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муовини аввали сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, ёвари президент оид ба робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои давлатии моддӣ ва дигар мақомдорон ҳамроҳӣ доранд.
Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ таҳти раёсати президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов баргузор мешавад ва дар он роҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок хоҳанд кард.
Чорабиниҳои асосӣ дар минтақаи сайёҳии миллии “Аваза”, воқеъ дар соҳили баҳри Каспий, баргузор мешаванд.
Як рӯз қабл, 7-уми октябр, дар ин кишвар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ баргузор шуда буд. Дар ҷараёни мулоқот вазирон масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва робитаҳои башардӯстона ва фарҳангиро баррасӣ карданд. Аммо маълум нест, ки дар ин нишаст масъалаи муҳоҷирони корӣ дар Русия ва вазъу ҳуқуқҳои онҳо баррасӣ шудаааст ё на.
Яке аз мавзуъҳои дигар дар рӯзномаи нишастҳо масъалаи об буда, намояндагони кишварҳо истифодаи оқилонаи захираҳои обии ҳавзаҳои Амударё ва Сирдарё. Ин масъала барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад, зеро кишвар дорои захираҳои бузурги обии минтақа мебошад ва ҳамзамон масъалаи истифодаи онҳо дар минтақа ҳамеша бо баҳсҳо ва ихтилофҳо рӯбарӯ аст.
Дар баробари музокироти сиёсӣ, дар “Аваза” даҳҳо чорабинии дигар аз ҷумла, нишастҳои байналмилалӣ, мулоқоти вакилони парламентҳо, баррасии масъалаҳои демографӣ, тандурустӣ, тухмипарварӣ ва ҳамкориҳо дар минтақаи Каспий баргузор хоҳанд шуд.
Рӯзи 8-уми октябр ҳамчунин фестивали таомҳои миллии кишварҳои узви ИДМ ва Эрон ва рӯзи 9-уми октябр ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, Саммити экологӣ оид ба баҳри Каспий ва намоишгоҳи кишварҳои узви ИДМ ва Эрон баргузор мешаванд.
Ҳанӯз маълум нест, ки дар пайи мулоқотҳо кадом санадҳо ва созишномаҳо ба имзо хоҳанд расид ва то чӣ андоза онҳо аҳамияти амалӣ хоҳанд дошт. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон на худи баргузории нишасти навбатӣ ё шумораи санадҳои қабулшуда, балки муҳтавои мушаххас ва натиҷаҳои онҳо муҳим аст — аз ҷумла, оё ин қарорҳо метавонанд ба иқтисод, муҳоҷирати корӣ, амният ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир расонанд ё на.
Бояд гуфт, чунин мулоқотҳо аллакай чандин сол боз бо изҳороти баланд дар бораи густариши ҳамкорӣ ва таҳкими робитаҳо миёни давлатҳо баргузор мешаванд. Аммо таҷрибаи мулоқотҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки на ҳамаи созишҳо ва қарорҳое, ки дар чунин нишастҳо қабул мешаванд, ба тағйироти назаррас дар зиндагии шаҳрвандони оддӣ овардаанд. Дар ин замина, нишасти навбатии сарони давлатҳои ИДМ-ро метавон пеш аз ҳама ҳамчун як чорабинии дипломатӣ ва рамзӣ арзёбӣ кард.
