29.9 C
Dushanbe

Радду бадалҳо байни мухолифон ва намояндагони ҳукумат дар нишасти САҲА

Дирӯз, 24-уми апрел ҷаласаи навбатии арзёбии ченакҳои инсонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи “шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи инсон” дар Ҳофбурги Утриш баргузор гардид. 

Дар ин ҷаласа ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, мухолифони тоҷик, аз ҷумла раҳбари ПМТ Муҳиддин Кабирӣ, муовини ӯ Алим Шерзамонов ва раиси департаменти равобити хориҷии ин созмон Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва фаъолон Аслиддин Шерзамонов ва Вайсиддин Одинаев ширкату суханронӣ доштанд. 

Аслиддин Шерзамонов, фаъоли зодаи Бадахшон зимни суханронияш гуфт, ки “Дили ман ҳамчун як инсон барои диктаторҳо хеле месӯзад. Ман ин эҳсосро дорам, ки ин афрод ҳаргиз дӯст, зиндагии оддӣ ва ишқу муҳаббат надоштанд”.

Шерзамонов мегӯяд, ки ӯ помирӣ аст, аммо вазири адлияи кишвар дар кумитаи СММ гуфт, ки Тоҷикистон ҳаргиз ҳуввияти маро ба расмият нахоҳад шинохт.

Ин фаъоли зодаи Бадахшон гуфт: “Мутаассифона, чандин даҳа аст, ки диктатура ва режими саркӯбгар мухолифонро мекушад ва беҳтарин ақлҳоро аз кишвар берун мекунад. На маркази таҳқиқотие дар Тоҷикистон боқӣ мондааст ва на расонаи озод. Донишмандон ва мутафаккирони воқеӣ ё кушта шуданд ё маҷбур ба муҳоҷират гаштанд. Ва ин як мусибати ваҳшатнок на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми башарият аст”.

Аслиддин Шерзамонов мегӯяд, ки режими кунунии Тоҷикистон кулли Помирро як гурӯҳи ҷинояткор эълом кардааст ва далели он тарс аст. 

 “Яке аз ин “ҷинояткорон” падари ман аст. Яке дигар аз ин “ҷинояткорон”, амаки ман, дар зиндон аст. Даҳ нафар аз наздикони ман зери замин ҳастанд. Дӯст ва ҳамсинфам ҳам зере замин хуфтааст. Дуруд бар ҳама онҳо!”,- гуфт Шерзамонов. 

Дар охир ӯ аз намояндагони САҲА хост аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда шавад, ки ба намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх иҷозаи вуруд ба зиндонҳоро бигиранд аз кишварҳои аврупоӣ талаб намуд, ки ба қазияи Помир таваҷҷуҳи вежа дошта бошанд ва аз ихроҷи ин афрод ба Ватан худдорӣ кунанд.

Вайсиддин Одинаев, фаъоли тоҷик, ки дар ин нишаст ширкат дошт суханронияшро аз сензураи расонаҳо, боздошту таъқиби ғайриқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи журналистон дар Тоҷикистон оғоз кард. 

Одинаев мегӯяд дар як соли ахир мақомоти Тоҷикистон дар боздошти фаъолон бартарият нишон дода, ин боздоштҳо идома дорад ва мутаассифона, ҳукумат ба андешаи ҷомеаи байналмиллалӣ ва шаҳрвандии Тоҷикистон гӯш намедиҳад.

Вайсиддин инчунин аз боздошти Далери Имомалӣ мисол оварда гуфт, ки сабаби боздошти ин рӯзноманигори шинохта ифшогариаш дар бораи вазъи Тоҷикистон, мушкилоти иҷтимоӣ, мушкилоти иқтисодӣ миёни аҳолӣ ва дигар мушкилоти ҷомеа мебошад.

Ин фаъоли тоҷик мегӯяд, номи ӯ дар парванади Далери Имомалӣ низ омадааст.

“Мақомот иддао дорад, ки ману Далер аъзои гурӯҳҳои ифротӣ ҳастем ва дар мукотибае гӯё дар бораи сарнагунии хушунатомези ҳукумат суҳбат кардаем. Бо тамоми масъулияти мегӯям, ки ҳеҷ яке аз ин нуктаҳо дуруст нест”,- гуфт Вайсиддин Одинаев. 

Дар идома ӯ таъкид кард, ки чунин иттиҳом алайҳи рӯзноманигороне, ки танҳо фаъолияти касбии худро анҷом медиҳанд, нақзи ҳуқуқу озодиҳои ин афрод ва умуман нақзи озодии баён буда, бояд ба баррасии одилонаи ин қазия, ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва ҳимояи ВАО дар Тоҷикистон ноил шуд, то ҳар кас бидуни тарс аз таъқиби мақомот андешаи худро бигӯяд. 

Ин фаъоли тоҷик эълон кард, ки омодааст ҳам бо тафтишот ва ҳам бо созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ба хотири сафед кардани номи Далери Имомалӣ, ки дар кишвар ҳақиқатро меҷуст, ҳамкорӣ кунад. 

Баъд аз суханронии фаъолон намояндаи Тоҷикистон иҷозаи посух хост ва мисли ҳамеша гуфт, иттиҳом нисбати мақомотро қабул надорад. 

Ӯ бо овардани моддаҳои 5 ва 18 Сарқонуни кишвар ва қабул шудани кадом моддаи нави Кодекси ҷиноятӣ гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон масъулиятҳои худро дар назди қонунҳои байналмилалӣ ва ғайра иҷро карда истодааст ва дар кишвар шиканҷа вуҷуд надорад, ҳуқуқи инсон риоят мешавад. 

Иддаои намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи риоят шудани ҳуқуқи инсон дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти кишвар ба аъмоле чун шиканҷаву қатл ва таъқибу боздошти дигарандешон ва ҳатто наздикони онҳо даст зада истодаанд. Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати кишварро барои ин амалашон танқид мекунанд, аммо ҳукумат ҳамеша онҳоро нодида мегирад. 

Гуфта мешавад, ҷаласаи арзёбии ченакҳои инсонии САҲА ҳамасола баргузор мегардад ва ин ҷаласаҳо  минбари озод барои гурӯҳҳои сиёсӣ, ҳукуматҳо ва фаъолон аст. 

Иштироки фаъолонаи мухолифони тоҷик дар ин нишастҳо боиси хашми ҳукумати Тоҷикистон гашта, чандин маротиба онҳо аз баргузоркунандагони ин нишаст хоста буданд, ки ба мухолифону фаъолони тоҷик минбар надиҳанд. Ҳатто мақомоти кишвар дар дохили кишвар болои наздикони иштирокдорони ҷаласаҳои САҲА фишор меоранд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷоизаи Нобел ҳаққи кист, Трап ё Раҳмон?

Пас аз оғози даргириҳо миёни Эрону Исроил давлати Покистон ба таври расмӣ Доналд Трамп, расиҷумҳури Амрикоро барои дарёфти Ҷоизаи субли Нобел пешниҳод кард.

Дар Маскав як марди 31-сола ба кӯдаки 2-солаи муҳоҷир ҳамла кард

Шоми 23-уми июни соли ҷорӣ, дар фурӯдгоҳи "Шереметево"-и Маскав як шаҳрванди 31-солаи Беларус, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ба кӯдаки дусолае ҳамла кардааст.

Сафари Раҳмонов ба Бадахшон ва ҷашни “Ваҳдат”

Президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25-уми июн сафари кориашро аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз кард.

Қатъи ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ

Намояндагони Маҷлиси шӯрои исломӣ дар Эрон рӯзи 25-уми июн "Тарҳи таълиқи ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ"-ро тасвиб карданд.