Боздошти як ҷавони тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Саратови Русия як ҷавони 19-солаи шаҳрванди Тоҷикистонро бо дархости мақомоти тоҷик ба хотири “гурехтан аз хидмати ҳарбӣ” боздошт ва ҳабс кардаанд. 

Бино ба иттилои Додситонии Саратови Русия, мақомоти интизомӣ тафтиши истирдоди шаҳрванди 19-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифта буд, ба охир расондаанд. 

Ин ҷавон дар Тоҷикистон ба он муттаҳам мешавад, ки ба комиссариати ҳарбии шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳозир нашуда ва аз кишвар хориҷ шудааст. 

Дар дархости Тоҷикистон ба Русия омадааст, ки ин ҷавон аз даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сурати мавҷуд набудани асосҳои қонунӣ барои озод кардан аз он саркашӣ кардааст ва нисбати ӯ бо қисми 1 моддаи 343-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Гуфта мешавад, ин ҷавон моҳи декабри соли 2022 ҳангоми убур аз марзи Русияву Қазоқистон дар ноҳияи Озински вилояти Саратов аз ҷониби пулис боздошт шуд. 

Дар хабари Додситонии Саратов гуфта мешавад, дар мавриди имкони истирдоди ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи дахлдор омода кардааст.

Ин ҷавони тоҷик дар ҳоле дар Русия бо иттиҳоми гурехтан аз хидмати ҳарбӣ боздошт мешавад, ки дар Тоҷикистон мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш идома дорад.

Вазорати мудофиаи кишвар хабар дода буд, ки дар давоми 40 рӯз нақшаи даъвати баҳории сарбозон ба артиш дар ҳудуди кишвар 76% иҷро шудааст. 

Вазорати мудофиаи кишвар, даъват ба артишро маъракаи муҳими сиёсӣ номида, 76% иҷро шудани нақшаро дар сатҳи ҷумҳурӣ мисли ҳамеша ба “натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват” рабт додааст. 

Аммо дар ин муддат наворҳо ва аксҳои зиёде аз ҷалби иҷбории ҷавон ба артиш ё “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дида мешавад, ҷавононро бо зарби мушту лағат ба мошин савор карда, ба комиссариятҳои ҳарбӣ мебаранд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё муҳоҷирон дар Лаҳистон бояд ҳамеша бо худ шиноснома дошта бошанд?

Хориҷиён дар Лаҳистон вазифадор нестанд, ки ҳамеша шиносномаро бо худ гардонанд, аммо ҳангоми санҷиш Хадамоти марзбонӣ ҳақ дорад нусхаи аслии ин санадро талаб кунад.

Қарори нав: ВКД-и Русия даромади муҳоҷиронро месанҷад

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия тартиби нави санҷиши даромади муҳоҷирони кориро таҳия кардааст.

“Кохи тамаддуни ориёӣ” дар Душанбе: таърихи тоҷикон ё ривояти Э.Раҳмон?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди наве дар робита ба ҳувиятсозии тоҷикон дар сархати расонаҳои давлатӣ қарор гирифт.

Кувайт сафорати худро дар Душанбе боз кард ва Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт

Давлати Кувайт сафорати худро дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ карда, Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба ҳайси нахустин сафири худ дар Тоҷикистон таъин намуд.