18.9 C
Dushanbe

Барканории судяҳо дар Суғду Хатлон

Президенти Тоҷикистон чанд тан аз судяҳои вилояти Хатлонро “бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” аз мақомҳояшон барканор кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 23-уми майи соли 2023 бар асоси як Фармони Эмомалӣ Раҳмон “Холматзода Сафаралӣ Қурбон аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Қодирзода Ҳасан Нурулло аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” аз мақомҳои ишғолкардаашон озод карда шуданд.

Инчунин бар асоси як фармони Эмомалӣ чанд судя, аз ҷумла Садриддинзода Насрулло аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва Қодирзода Зафар Абдураҳим аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад,” аз мансабҳояшон барканор шуданд.

7-уми феврали соли 2020 тибқи як фармони раисҷумҳур, Садриддинзода Насрулло раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъйин гардида буд ва пеш аз он дар вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд машғул ба кор буд. Ва Қодирзода Зафар Абдураҳим бошад, то 22-юми декбари соли 2022 дар вазифаи судяи суди шаҳри Ваҳдат кор мекард. Тибқи бархе гузоришҳо, ҳар дуи ин судяҳо ба гирифтани пора ва сӯиистифода аз ваколатҳои худ муттаҳам мешаванд.

Гуфта мешавад, тибқи қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба касбу корҳои мухталиф синни ниҳоии дар вазифа будан фарқ мекунад, вале дар аксар ҳолат ин амр барои мардҳо то 25 ва барои занҳо то 20 соли корӣ муайян карда шудааст.

Инчунин дар аксар ҳолатҳои дигар мардҳо дар синни 63-солагӣ ва занҳо ҳам дар синни 58-солагӣ бознишаста мешаванд, аммо Эмомалӣ Раҳмони 70-сола, ки зиёда аз 30 сол мешавад, вазифаи раҳбарии кишварро дар даст дорад, аз тарси аз даст додани қудрат бознишаста шудан намехоҳад ва ҳоло ҳам омода нест курсиро ба дигарон таҳвил диҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.