10.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон фишор болои муҳоҷиронро нодида гирифт

Тайи як моҳи ахир фишорҳои мақомоти рус болои муҳоҷирон ва бахусус тоҷикистониҳо афзоиш ёфтааст, вале мақомоти олии Тоҷикистон дар мулоқот бо мақомоти Русия ин масъаларо охириндараҷа медонанд.

Субҳи имрӯз, 6-уми июни соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайате Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Вазири корҳои хориҷии Русия, ки бо бастаи фишору таҳдидҳои наву куҳнаи худ вориди Тоҷикистон шуда аст, пеш аз он ки бо Президенти Тоҷикистон мулоқот кунад, ба назди ниёмиёни кишвараш дар “Пойгоҳи 201” рафт. Сергей Лавров бо ин сафари худ аз дохили “Пойгоҳи 201” дасти кам се “паёми махсус” ба раҳбарияти Тоҷикистон фиристод, ки ҳар се ҳомили таҳдиду фишорҳо буданд.

Сергей Лавров дар ин паёмҳои сегонаи худ гуфтанӣ буд, мақомоти кишвараш, ки дар ҳоли ҳозир вазъияти хеле аз муҳоҷирони тоҷикистониро дар паҳнои Русия ба танг овардаанд, дар сурати адами пазириши “пешниҳод”-ҳо дар дохили пойтахти Тоҷикистон ҳам нерӯҳое доранд, ки дар сурати зарурат ҳамчун обзори фишор алайҳи ҳар касе бихоҳанд аз онҳо истифода мекунанд ва ба ҳамин хотир Тоҷикистон ҳам бояд раванди ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро шиддат бахшад.

Вазири корҳои хориҷии Русия пеш аз он, ки бо Президенти Тоҷикистон мулоқот кунад, бо Вазири корҳои хориҷии кишвар ҳам дидор ва музокироте анҷом дода буд. Зоҳиран ҷониби Тоҷикистон паёмҳои Вазири корҳои хориҷии Русияро хуб дарк карда, ба хотири осеб нарасонидан ба ояндаи “кариера” ва бақои худ дар раъси қудрат дар рафти ин мулоқотҳо ва музокироти сатҳи олии раҳбарони Тоҷикистон ва Русия масъали таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русияро пас аз баррасии робитаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод, ва маориф дар ҷои охир қарор додаанд.

Бо вуҷуди он ки мақомоти Русия тайи наздик ба як моҳи ахир фишорҳои худ болои муҳоҷирон, аз ҷумла зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус тоҷикистониҳоро афзоиш додаанд, ва пахшу нашри наворҳо дар бораи боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон бо вокунишҳои зиёде дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст, мақомоти олии Тоҷикистон онро нодида мегиранд.

Субҳи имрӯз ҳам баҳсу баррасии фишору таҳдидҳо болои муҳоҷирон дар вақти музокироти сатҳи олии раҳбарони Тоҷикистон ва бахусус Президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия низ дар шаҳри Душанбе натавонист мақоми аввалро касб кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон субҳи имрӯз бо нашри як матлаб дар бораи музокироти сатҳи олии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар хабар дода гуфта, ки ҷонибҳо баъд аз баррасии “тавсеаи робитаҳои башардӯстона рафти иҷрои лоиҳаву барномаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои илмӣ” низ “ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.”

Дар рафти музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия масъалаи “ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Русия” дар ҷои охир қарор дода шуд, ва интизор мерафт, ки ин маъсала ҳангоми мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Русия ба сурати ҷиддитар пайгирӣ мешуд, аммо дар рафти мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров на танҳо вокунишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиддитар сурат нагирифт, балки мавриди “таваҷҷуҳи хосса” ҳам қарор дода нашуд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикитсон, яке аз эътилофҳои мухолифини Тоҷикистон дар шарҳи ин масъала гуфт, русҳо нуқтаҳои заъфи Эмомалӣ Раҳмонро хуб медонанд ва бо ӯ бозӣ карда метавонанд. Барои ҳамин русҳо манфиатдоранд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар сари қудрат бимонад. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби дигар Эмомалӣ Раҳмон низ “худашро болотар аз ин масъалаҳо медонад ва муҳоҷиринро ҳеч қишри муҳим ё шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон намедонад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.