Месси ба Амрико меравад

Футболбози 35-солаи аргентинӣ Лионел Месси на дар Арабистони Саудӣ, балкӣ дар Амрико бозӣ хоҳад кард. 

Лионел Месси, футболбози шинохта дирӯз, 7-уми июн аз гузаришаш ба бошгоҳи “Интер Майами”-и Амрико хабар дод. То ҳол аз ҷузъиёти қарордоди ӯ бо бошгоҳи ҷадидаш маълумоти бештар дода нашудааст. 

Дар ҳоли ҳозир бошгоҳи “Интер Майами” дар ҷадвали шарқии Лигаи Олии Амрико (MLS) дар зинаи охирин, яъне 15-ум қарор дорад. Собиқ капитани Англия Дэвид Бекхэм яке аз саҳомдорони ин бошгоҳ аст. 

Худи Месси гузаришашро ба ин бошгоҳ чунин шарҳ додааст: “Ҳоло ман мехоҳам аз таваҷҷӯҳи зиёдатӣ дур шавам, дар бораи оилаам бештар фикр кунам”.

Ин футболбози аргентинӣ мегӯяд, ки агар сухан дар бораи пул мебуд, ба Арабистон ё ба ҷои дигар мерафт. Ба гуфтаи ӯ, маблағе, ки “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ ваъда карда буд, хеле маблағи бисёр буд. 

Тибқи хабарҳои нашршуда, дастаи “Ал-Ҳилол” ба Лионел Месси қарордоди се сола ба маблағи 1,5 млрд евро пешниҳод карда буд. 

Ба иддаои ин футболбози аргентинӣ, чанд бошгоҳи аврупоӣ низ ба ӯ қарордод пешниҳод кардаанд. 

“Ростӣ, ман аз тимҳои дигари аврупоӣ пешниҳодҳо доштам, аммо онҳоро ҳатто ба назар нагирифтам, зеро дар Аврупо ман танҳо дар ҳайати Барселона бозӣ карданӣ будам”- мегӯяд Месси. 

Ба гуфтаи Месси, дар бошгоҳи Барселона нафароне ҳастанд, ки бозгашташро ба ин бошгоҳ намехоҳанд. 

Ёдовар мешавем, ки Лионел Месси соли 2021 аз Барселона ба бошгоҳи “Пари Сен-Жермен”-и Фаронса гузашта буд ва дар 75 бозӣ 32 гол зада, 30 партоби головар додааст. Бо ин тим ӯ ду маротиба қаҳрамони Фаронса гашта буд.

Месси мегӯяд, ин ду сол дар Париж барояш дар маҷмуъ душвор буд. 

Лионел Месси яке аз беҳтарин футболбозони ҷаҳон ба шумор рафта, қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2022, ҳафт маротиба барандаи “Тӯби тиллоӣ” ва  шаш маротиба барандаи “кафши тиллоӣ” мебошад. 

Ӯ аз соли 2003 то 2021 дар ҳайати “Барселона” бозӣ карда, бо ин бошгоҳ 10 маротиба қаҳрамони Испания гардидааст. Инчунин 7 маротибагӣ Суперҷоми Испания ва Ҷоми Испания, 4 маротиба Лигаи Чемпионҳо, 3 маротибагӣ Суперҷоми УЕФА ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳоро ба даст овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.

Иқтисод рушд мекунад, вале қарзҳо ҳам зиёд мешаванд. Чаро?

Президент мегӯяд, иқтисод 7,8% рушд кардааст, вале намояндагони ҳукумат дар Лондон барои ҷалби сармоя бо бонкҳо ва муассисаҳои молӣ гуфтушунид доранд.