Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд. Баъдтар се нафари онҳо аз боздошт озод шуданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми сентябр бо такя ба манбаъҳои наздик ба хонаводаҳои боздоштшудагон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъҳо, ҳар панҷ нафар рӯзи 7-уми сентябр ҳангоми ҳузур дар масҷид дастгир шудаанд. Ҳамаи онҳо аз сокинони Язгулом мебошанд — минтақае, ки сокинонаш дар солҳои охир борҳо ба парвандаҳои марбут ба иттиҳомҳои ифротгароӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
Гуфта мешавад, ду нафаре, ки ҳоло ҳам дар боздошт қарор доранд, сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мебошанд. Се нафари дигар, ки озод шудаанд, дар маҳаллаҳои “Ҳаёти нав” ва “Гулистон”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд. Синну соли онҳо аз 20 то 25 сол гуфта мешавад.
Ин бори аввал нест, ки сокинони Язгулом дар Тоҷикистон ба таври гурӯҳӣ боздошт ё маҳкум мешаванд. Моҳи майи соли равон низ додгоҳи Душанбе се сокини пойтахтро бо иттиҳоми пайравӣ ба ҷараёни манъшудаи салафия ба зиндон маҳкум карда буд. Пеш аз ин, моҳи декабри соли 2024, Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 сокини ноҳияи Ванҷро, ки аксарашон аз Язгулом буданд, бо иттиҳоми ифротгароӣ ба муҳлатҳои гуногун — аз 2 то 23 сол зиндонӣ карда буд.
