29.9 C
Dushanbe

Баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ дар Олмон

Ҷамъе аз фаъолони олмонӣ ва тоҷикистонӣ тасмим гирифтаанд, ки ҳафтаи оянда се ҳамоиши эътирозӣ дар Берлин – пойтахти Олмон баргузор кунаад.

Бино ба иттилои Фарҳод Одинаев, фаъоли тоҷики муқими Олмон, рӯзҳои 16 ва 17-уми июни соли 2023 ҷамъе аз фаолони олмонӣ ва тоҷикистонӣ тасмим гирифтаанд, ки ба хотири ҳимояти Абдуллоҳи Шамсиддин ва озод кардану баргардондани ӯ ба Олмон ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор мекунанд.

Ба қавли манбаъ, дар назар аст, ин ҳамоишҳо дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин ва дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ дар майдони марказии Берлин маъруф ба “Bramderburger Tor” гузаронида мешаванд.

Замон: 16.06.2023 соати 10:30 дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, нишонӣ:

кӯчаи Perleberger Str. 43, 10559 Berlin;

16.06.2023 соати 13:00 дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ, (Das Auswärtiges Amt )
Нишонӣ: Werderscher Markt 1, 10117 Berlin;

17.06.2023 Brandenburger Tor соати 13:00
Нишонӣ: Pariser Platz, 10117 Berlin.

Гуфта мешавад, мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддинро 18-уми январи соли ҷорӣ тавассути Туркия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Ин паноҳҷӯи тоҷикро мақомоти тоҷик билофосила дар Фурӯдгоҳи Душанбе боздошт ва сипас бо ҳукми додгоҳ ба муҳлати 7 сол равонаи зиндон карданд.

Пеш аз ин ҳам фаъолони олмонӣ ҳамроҳ бо фаъолони тоҷикистонӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои Абдуллоҳи Шамсиддин чанд маротиба ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор карданд. Ташаббускорони мегӯянд, иштирок кардан дар ин ҳамоишҳои эътирозӣ озод буда, касоне, ки мехоҳанд, будуни ҳеч маҳдудияте метавонанд иштирок кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.