$18 млн кумаки Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қасд дорад барои кумак ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон то 18 миллион доллар ҷудо кунад.

Ожонси рушди байналмилалии Амрико (USAID) тасмим гирифтааст, ки барои қишри ҷавони дар Тоҷикистон ҷойҳои корӣ таъсис диҳад ва соҳибкоронро дастгирӣ намояд. Гуфта мешавад, дар ин барнома таваҷҷуҳи асосӣ ба шаҳрвандони ҷавони кишвар ва муҳоҷирони кории бозгашта хоҳад буд.

“Ҳадафи аслии ин барнома эҷоди шуғли муносиб ва пурсамар барои ҷавонон, занон ва мардони тоҷик тавассути рушди соҳибкорӣ, омӯзиши ҳунарҳои гуногун ва осон кардани дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар бахшҳое мебошад, ки дорои потенсиали бузурги рушди иқтисодӣ ҳастанд“, — омадааст дар хабари USAID.

Масъулони USAID дар Душанбе мегӯянд, ки “бахши хусусии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ ва иқтидори таъсиси ҷойҳои корӣ, ки қаблан аз оқибатҳои пандемияи COVID-19 ва дигар мушкилоти ҷаҳонӣ зарари ҷиддӣ дида буд, ба кумак ниёз дорад.”

Ҳамзамон ин ниҳоди молиявии Амрико дар моҳи феврали соли ҷорӣ хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон барои кумак ба оилаҳои осебпазир 13 миллион доллар ҷудо мекунад.

Ин кумакҳои Амрико барои рушди Тоҷикистон дар ҳолест, Русия аз забони вазири корҳои хориҷияш ба мақомоти тоҷик ҳушдор дода буд, ки ба кумакҳои рушди Амрико ва Ғарб камтар таваҷҷуҳ кунанд ва ба онҳо нигоҳи интиқодӣ дошта бошанд, бахусус дар соҳаи низомӣ.

Сергай Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, ки рӯзҳио 5 ва 6-уми июни соли ҷорӣ бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, зимни суханронияш дар Донишгоҳи Славиянии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону кишварҳои ғарбӣ ишора карда, гуфта буд: “Мо аз дӯстони худ мехоҳем, ки нисбат ба барномаҳои ҳамкории кишварҳои ғарбӣ дар соҳаи низомӣ ва хусусан барномаҳои омӯзишии нерӯҳои интизомӣ бо диди интиқодӣ нигоҳ кунанд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.