17.9 C
Dushanbe

Сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Русия

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Русия рафт, вале ин дафъа ҳам дар бораи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар суҳбат бо ҳамтои русиаш ба сурати ҷиддӣ вориди музокирот ва гуфтугӯ нашуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 19-уми июни соли 2023, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба Русия рафт ва дар Маскав бо ҳамтои русиаш Сергей Лавров мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар вақти ин дидору гуфтугӯҳо “ба рафти иҷрои тавофуқоти сарони давлатҳо оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса сурат гирифт.

Гуфта мешавад, яке аз ҳадафҳои аслии ин сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон “анҷоми раванди музокироти тӯлонӣ доир ба сабти ҳуқуқии амволи ғайриманқули дипломатии ду кишвар, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сафоратҳо ва консулгариҳои генералии Тоҷикистону Русия хидмат хоҳад кард“, арзёбӣ мешавад.

Инчунин дар поёни ин мулоқоту гуфтугӯҳо ҷонибҳо зери се ҳуҷҷат имзо гузоштанд:

1) Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2) Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ.

3) Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон

Як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон дастгир ва бо сабаби будубоши ғайриқонунӣ аз ин кишвар ихроҷ шуд.

Хариду фурӯши узвҳои инсон: Дар клиникаи “Истиқлол”-и Душанбе чӣ мегузарад?

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон як гурӯҳи ҷиноятиеро ошкор кардаанд, ки ба хариду фурӯши ғайриқонунии узвҳои инсон муттаҳам мешаванд.

Як мард ҳангоми муноқиша ҳамсарашро бо корд зад

ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ Турдибоев Ҷавлони 26-сола, сокини ноҳияи Шаҳристонро, ки дар муноқишае ҳамсари худро чандин бор бо корд зада маҷруҳ карда буд, дастгир кардааст.

Ятимов дар куҷост?

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти кишвар иштирок накардааст.