Чанд мақомдори ниҳодҳои қудратӣ дар рабудани Исматуллоев гумонбаранд

Мақомоти Тоҷикистон 4 нафар собиқ афсарони ниҳодҳои қудратиро ба гумони даст доштан дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” боздошт кардаанд.

Радиои Озодӣ аз манобеи худ дар ниҳодҳои интизомӣ ва наздик ба тафтишот хабар дод, ки собиқ афсарон “ҳамроҳ бо ҷинояткорони собиқадор ин одамрабоиро анҷом додаанд”.

Ба иттилои манбаъ, яке аз боздоштшудагон афсари собиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва Ожонси мубориза бо фасод будааст. “Ва як манбаи наздик ба хонаводаи Шуҳрат Исматуллоев мегӯяд, бо гумони ширкат дар ин ҷиноят як додситони собиқ низ боздошт шудааст.”

Ҳамзамон гуфта мешавад, нафароне, ки даст ба ин ҷиноят задаанд, дар мошини худ аз рақамҳои давлатии махсус истифода кардаанд, ки чунин рақамҳо хоси ниҳодҳои қудратии кишвар буда ва “метавонанд ба талаби пулиси роҳ итоат накунанд ва бо суръати аз меъёр зиёд ҳаракат намоянд.”

Исматуллоевро 4 нафар ба мошин савор карда бурданд, аммо чанд нафари дигар ҳам дар ин кор даст доранд. Барои онки монеа пеш наояд, ҷинояткорон барои мошини “Ҳундай Соната” пешакӣ 11 рақами давлатӣ омода кардаанд. Онҳо рақамҳоеро омода кардаанд, ки мошинҳои сохторҳои қудратӣ аз онҳо истифода мебаранд ва ин гуна мошинҳоро кормандони БДА манъ намекунанд. Дар баромадгоҳи Душанбе ба тарафи вилояти Суғд як посгоҳи доимии БДА амал мекунад. Ба хотири онки мошини ҷинояткорон рақами монанд ба нақлиётҳои сохторҳои қудратиро дошт, кормандони БДА онҳоро нигоҳ надошта ва тафтиш накардаанд,”- гуфт манбаи Радиои Озодӣ.

Дар вокуниш ба ин хабар корбарон аз мақомоти кишвар талаб кардаанд, ки ба таври ҳатмӣ тамоми мошинҳои сиёҳшишаи мақомдорон бояд тафтиш шаванд. Шояд даҳҳо ҷиноят аз ҷониби мақомдорони қудратӣ ба хотири дахлнопазирӣ ва ё имкониятҳои дигар сурат мегирад, ки касе ради пойи ҷиноятро намеёбад ва ё намехоҳад пайдо кунанд.

Аммо ин пешниҳоди корбарон то куҷо ҷиддӣ гирифта мешавад, маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки шоми 23-юми июни соли ҷорӣ муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев аз ҷониби нафарони номаълум рабуда шуд. Мақомоти кишвар мегӯянд, пас аз рабудан ҷинояткорон ӯро ба тарафи ноҳияи Айнии вилояти Суғд бурдаанд. То ҳол тақдири ӯ норӯшан боқӣ мондааст.

Ҳамчунин мақомоти тафтишотӣ то ҳанӯз сабаби дуздида шудани муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмонро маълум накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фаъоли Бадахшон Абру Алимардоншоев: Авф набояд интихобӣ бошад

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Абру Алимардоншоев аз равиши татбиқи қонуни авф, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул шудааст, нигаронӣ кард.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Исроил бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон

Пулис ва Хадамоти амниятии Исроил як шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.

Тоҷикистону Русия мехоҳанд ба ҳуқуқи кории муҳоҷирон расидагӣ кунанд

Тоҷикистон ва Русия қасд доранд ҳамкориҳои худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кории муҳоҷирон ва беҳтар намудани шароити кори онҳо тақвият бахшанд.

Чаро яке аз маҳбубтарин ҳаҷвнигорони Тоҷикистон бе унвони давлатӣ аз дунё рафт?

Ин мақола танҳо дар бораи Бахтиёр Раҳимов нест, дар бораи ҳамаи ҳунармандоне аст, ки солҳои дароз ба фарҳанги тоҷик хидмат кардаанд, аммо танҳо баъд аз маргашон ҷомеа аз хидматҳои онҳо ёд мекунад.